Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони узбекро маҷбур доранд, андозҳоро пешпардохт кунанд


Соҳибкорон ва муассисони корхонаҳои хусусиро дар шаҳри Тошканд ва вилояти Андиҷони Узбекистон маҷбур доранд, ки як қатор андозҳо, аз ҷумла андоз аз даромадро пешпардохт кунанд.

"Нозирони андоз талаб доранд, ки ҳамаи андозҳоро пешпардохт кунем. Зеро ба гуфтаи онҳо, нақшаи буҷаи ҷумҳурӣ иҷро нашудааст",-мегӯянд муассисони ду ширкате, ки дар ноҳияҳои Олмазор ва Чилонзори Тошканд бо истеҳсолот машғуланд.

Яке аз соҳибкорони вилояти Андиҷон мегӯяд, нозирони андоз бидуни иҷозати пешакии ӯ аз ҳисоби бонкиаш маблағеро гирифтаанд. "Нозироти андози вилояти Андиҷон аз ҳисоби соҳибкорон бидуни иҷозат андози моҳи ояндаро меситонанд. Магар ин навъи нави ғоратгарӣ аст? Хеле аламовар аст, вақте наметавонӣ мустақилона пулҳоятро истифода кунӣ. Вақте мепурсӣ, ки чаро аз ҳисоби бонкӣ пулро гирифтаед, мегӯянд, андози моҳи оянда буд. Онҳо мехоҳанд, аз ҳисоби соҳибкорон буҷаро иҷро кунанд",-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Намояндаи Кумитаи андози Узбекистон гуфт, пешпардохти андоз аз сӯи соҳибкорон ихтиёрӣ аст. "Аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ танҳо дар ҳоле ситонидани маблағ иҷозат аст, ки аз андоз қарздор бошанд. Пешпардохти андоз ҳам ихтиёрӣ аст ва нозирон ҳаққи худсарона гирифтани маблағро аз ҳисобҳои бонкии соҳибкорон надоранд",-изҳор дошт намояндаи кумита.

Нозири идораи андози яке аз вилоятҳои Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, танҳо дар ноҳияҳое андозро пешакӣ ҷамъ мекунанд, ки нақшаи буҷаро иҷро накардаанд.

XS
SM
MD
LG