Ҳукумати Узбекистон барои таҷлил аз 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ барномаи вижае қабул мекунад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба девони вазирони Узбекистон хабар доданд.
Ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, яке аз чорабиниҳои асосии таҷлил аз 75-солагии хатми ҷанг кушодани боғи "Ғалаба" дар шаҳри Тошканд хоҳад буд. Дар ин боғ хандақҳои воқеӣ канда ва техникаи замони ҷанг ба намоиш гузошта мешавад.
Сохтмони боғи "Ғалаба" дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд тобистони соли ҷорӣ шуруъ шуд.
"Ин боғ бояд саҳми мардуми моро дар Ғалаба таҷассум кунад, қаҳрамонии падарону бобоёни моро абадӣ гардонад. Инҷо бояд дар бораи Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, муҳорибаҳое иттилоъ ҷо дода шавад, ки ҳамватанони мо иштирок доштанд",-гуфта буд президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар амри сохтани боғ.