Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, рӯзи 24 ноябр дар натиҷаи ҳамла ба мошини СММ, як шаҳрванди хориҷӣ кушта шудааст. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар дод, ки панҷ тани дигар дар он ҳамла маҷруҳ шудаанд.
То кунун масъулияти ин ҳамларо касе ба душ нагирифтааст, аммо дар гузашта масъулияти аксари ҳамлаҳои ҳамсонро ҷангҷӯёни ҳаракати "Толибон" ва гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба зимма гирифта буданд.
Дар ноҳияи Каҷрони вилояти Дойкундии Афғонистон ҳадди ақал ҳашт низомӣ дар натиҷаи ҳамлаи толибон кушта шудаанд. Анвар Раҳимӣ, раиси вилояти Дойкундӣ гуфт, ки дар ин ҳамла чаҳор низомии дигар маҷруҳ шудааст. Ба гуфтаи вай, дар бархӯрди рӯзи 24 ноябр на камтар аз 20 ҷангҷӯ кушта шудааст.
Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, намояндаи "Толибон" масъулияти ҳамлаи рӯзи 24 ноябри вилояти Дойкундиро ба зимма гирифт.