Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба милисаҳои фарбеҳи туркман 1 моҳ муҳлат доданд


Дар Туркманистон дар ҳоли ҳозир миёни кормандони Вазорати умури дохилӣ арзёбӣ (аттестатсия) идома дорад.

Ба иттилои хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ дар шаҳри Ишқобод, вилоятҳои Лебап ва Марӣ, яке аз талаботҳо марбут ба вазни кормандон аст. Ба маъмурони пулиси туркман гуфтаанд, ки вазни онҳо набояд аз 100 кило боло бошад.

"Дониш, вазъи ҷисмонӣ ва вазни кормандон санҷида мешавад. Вазни ҳар як корманд набояд аз 100 кило боло бошад",-иттилоъ дод хабарнигори радио бо истинод ба маъмурини пулисе, ки аз арзёбӣ гузаштаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон, ба кормандони пулисе, ки вазнашон аз 100 кило боло аст, як моҳ муҳлат дода шудааст, вазни зиёдатии худро партоянд. Онҳо мегӯянд, раҳбарияти нави Вазорати умури дохилии Туркманистон "фарбеҳӣ"-ро бад мебинад.

XS
SM
MD
LG