Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳушдори мақоми рус аз хатари ДОИШ пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"

Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия.

Мақомоти Русия бо ишора ба ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Узбекистон гуфтаанд, ки хатари гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои минтақа воқеӣ мебошад. Ин матлабро Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бахши амнияту пешгирии тундгароӣ, баён додааст.

Ба навиштаи хабаргузории русии РИА Новости, оқои Моргулов барқарории субот дар Афғонистонро омили асосии сулҳ дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ гуфтааст. Муовини вазири умури хориҷии Русия ҳамлаи хунбор ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро далели ҷой доштани таҳдиди террористӣ дар минтақа хондааст.

Дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомоти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Русия барои мубориза бо коронавирус ба СҶТ $1 млн дод

Бонки миллии Русия. Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои мубориза бо коронавирус ҳамчун кумаки якдафъаина, аз Русия 1 миллион доллар дарёфт кард. Русия ҳамчунин 61 миллион рубл ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ва Африқо ҷудо хоҳад кард.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буҷаи худро аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмии кишварҳои узв ва хайрҳои довталабона пур мекунад. Ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти вазъи некуаҳволии кишвар ва сокинон таъйин мегардад. Ба ин тартиб, Русия вазифадор аст, ки дар соли ҷорӣ 5,7 миллион доллар, Украина 136,4 ҳазор, Қазоқистон 425,8 ҳазор ва ИМА 57,8 миллион доллар бидиҳад.

Гирифтории 120 табиби қазоқ ба коронавирус

Мутахассисони қазоқ. Алмато, Қазоқистон.

Айжан Есмагамбетова, сартабиби беҳдоштии Қазоқистон гуфт, 19 дарсади гирифторони коронавирус дар ин кишвар кормандони тиб ҳастанд. Есмагамбетова дар як нишасти хабарии рӯзи 6-уми апрел гуфт, 120 табиб мубталои коронавирус шудаанд.

Ба гуфтаи вай, яке аз табибон дар ҳолати вазнин қарор дорад ва нуҳ тани дигар вазъи миёнаи вазнин доранд. 57 табиби дигар дар айни ҳол ин бемориро ба осонӣ пушти сар мекунанд.

Ҳукумати Қазоқистон пештар аз ин гуфт, маоши табибонеро бештар мекунад, ки ба табобати гирифторони коронавирус ҷалб шудаанд. Дар Қазоқистон то рӯзи 6-уми апрел 662 ҳолати гирифторӣ ба вируси нав сабт шудааст.

Дар он кишвар аз 16-уми март то 15-уми апрел бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии ин вабо ҳолати фавқулода эълом шуда, чанде аз шаҳрҳо комилан баста шудаанд. Вазорати тандурустии он кишвар авҷи гирифториро дар миёнаҳои моҳи апрел пешбинӣ мекунад. Ба бовари ин вазорат, дар Қазоқистон мумкин аст, то 3,5 ҳазор кас ба ин беморӣ гирифтор шаванд.

Коронавирус: Вазъи сиҳатии сарвазири Бритониё бад шудааст

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё.

Расонаҳои Бритониё хабар доданд, шоми душанбе вазъи саломатии сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон, ки ба коронавирус мубтало аст, бад шудааст.

Ба гуфтаи манбаъҳои SkyNews, Ҷонсон дар ҳолати беҳушӣ қарор надорад ва танҳо ба хотири эҳтиёт ба шуъбаи дигари беморхона интиқол ёфта, дар наздикии дастгоҳи нафаси сунъӣ бистарӣ карда шудааст.

Бо дархости Ҷонсон вазифаи сарвазириро вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб иҷро хоҳад кард.

Борис Ҷонсони 55-сола рӯзи якшанбе бо нишонаҳои коронавирус дар беморхона бистарӣ шуд.

Президенти Қирғизистон рушди низоми порлумониро ваъда дод

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ваъда дод, ки дар кишвараш низоми порлумониро рушд медиҳад.

"Ҳаводиси апрел дар низоми идории Қирғизистон тағйиротеро ба вуҷуд овард. Барои демократияи порлумонӣ гомҳои муҳим гузошта шуд. Мо барои рушди низоми порлумонӣ дар кишвар тамоми талоши худро хоҳем кард",-изҳор дошт Ҷеенбеков.

Ба гуфтаи ӯ, тадбиқи идеяи инқилоби апрелӣ вазифаи тағйирнопазири онҳо аст. "Мо бояд аз ин ҳаводис дарси ибрат бигирем ва имкон надиҳем, ки қароре зидди иродаи мардум қабул шавад",-гуфт вай.

Ин изҳороти Ҷеенбеков дар пасманзари пешниҳоди вакили порлумони Қирғизистон Курманкул Зулушев садо дод, ки гуфт, барои интихоби дубораи низоми идорӣ дар ин кишвар бояд раъйпурсӣ баргузор кард.

7-уми апрели соли 2010 дар инқилоби мухолифон дар назди "Кохи Сафед"-и Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифта, 86 кас кушта ва беш аз 100 нафар захм бардоштанд.

Дар натиҷаи ҳаводиси апрел президенти дувуми Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, аъзои хонаводаи ӯ ва атрофиёнаш аз кишвар фирор карданд.

Навбатпоии қазоқистониҳо барои дарёфти кумакпулӣ

Алмато, Қазоқистон, 3 апрел, 2020.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ду ҳафта пеш ба қазоқистониҳое, ки ба иллати паҳн шудани коронавирус ҷои кор ё тиҷорати худро аз даст додаанд, кумаки иҷтимоӣ дар ҳаҷми 42500 танга муодили ($95) ваъда кард. Ба гуфтаи Тоқаев, ин кумакро дар умум на камтар аз 1,5 миллион аҳолии Қазоқистон дарёфт хоҳанд кард.

Мақомоти қазоқ дертар гуфтанд, кумакро онҳое дарёфт мекунанд, ки расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва метавонанд инро исбот кунанд. Баъдан қоидаҳо соддатар шуда, гуфтанд, ба онҳое низ кумак карда мешавад, ки боре андоз насупориданд. Дар пайи ин изҳорот навбатпоии қазоқистониҳо дар назди идораҳои давлатӣ, бахусус почта ва бонкҳо барои ба қайдгирӣ ва дарёфти кумакпулӣ ба миён омадааст.

"Барои дарёфти 42500 танга мо бояд дар идораи таъминоти иҷтимоӣ сабти ном кунем. Барои сабти ном ба он мошин бояд 2600 танга супорем. Вале ман ин пулро барои чӣ месупорам? Оё баъди супоридани ин маблағ воқеан ҳам кумакпулиро дарёфт карда метавонам?",-изҳор дошт Гулнур Кетебоева, яке аз сокинони маҳаллӣ.

Мақомоти Қазоқистон ба сокинон пешниҳод карданд, ки барои дарёфти кумак тавассути сомонаи тозатаъсис ё барномаи телефонӣ дархост фиристанд. Вале корбарон мегӯянд, дар кори сомона ва барномаҳои мазкур нуқс вуҷуд дорад.

Бино ба маълумоти пешакӣ, эълони ҳолати фавқулодда дар Қазоқистон ва пурра баста шудани бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар - Нурсултон ва Алмато аз 19 март ба вазъи молии ҳудуди 500 ҳазор қазоқистонӣ таъсири манфӣ расондааст. Дар Қазоқистон то рӯзи сешанбе 662 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти қазоқ гуфтанд, киҳо метавонанд кумаки иҷтимоӣ дарёфт кунанд

Алмато, Қазоқистон, 3 март, 2020.

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Бирҷон Нуримбетов гуфт, киҳо кумаки иҷтимоии 42,5 ҳазортангаии давлатиро дарёфт хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, коргарони кирояи ширкатҳову муассисаҳои тиҷоратии хурду миёна, тиҷорати бузург дар шаҳрҳои карантиншуда ҳаққи дарёфти кумаки иҷтимоиро доранд.

"Касоне ки дар шароити фосилавӣ фаъолияташонро идома медиҳанд, ҳаққи дарёфти кумакро надоранд. Кумак ба онҳое дахл дорад, ки бидуни ҳифзи маош ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шудаанд. Ба кормандони муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ин кумак дахл надорад",-гуфт Биржан Нуримбетов.

Вай ҳамчунин афзуд, дар ду рӯзи охир 412 ҳазор аризаи дархости кумак ворид шудааст. Баъди санҷишҳо дақиқ шуд, ки 1873 шаҳрванди аризадода то кунун даромади ҳангуфт доштааст.

"Онҳо дар аризаҳояшон навиштаанд, ки аз даромад маҳрум шуда, маблағе ҳам надоранд. Аммо маълум шуд, ки моҳҳои январ, феврал ва март аз 500 то 1-миллион тангаӣ даромад доштаанд. Акнун навиштаанд, ки аз 16 март ба ин тараф бе маблағ мондаанд. Албатта, ин кори нодуруст аст", - гуфт вазир.

Фавти ду узбекистонӣ дар Ню-Йорк аз коронавирус

Яке аз хиёбонҳои шаҳри Ню-Йорки Амрико. 21 март, 2020.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ду шаҳрванди Узбекистон - яке 51 ва дувумӣ 60-сола, аз коронавирус фавтиданд. Фавтидаҳо ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон дар ИМА зиндагии доимӣ доштанд. Даҳҳо ҳазор узбекистоние, ки айни ҳол дар Ню-Йорк зиндагӣ доранд, аз мубталошавӣ ба коронавирус нигаронанд.

Зани 60-солаи узбекистонӣ, ки аз коронавирус фавтид, нуҳ соли охир дар ИМА зиндагӣ мекард. Вай ҳамзамон чандин сол аз диабети қанд ранҷ мебурд. Ду ҳафта пеш вай бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси корона бистарӣ шуд, аммо ӯро ба шарти хонанишинӣ рухсат доданд. Баъди як ҳафтаи бадтар шудани сиҳатиаш дубора дар бемористон бистарӣ карданд.

Як рӯз пеш аз марги зани 60-сола, марди 51-солаи узбекистонӣ аз коронавирус фавтид. Ин мард низ аз бемории қанд ранҷ мебурд. Нимаҳои моҳи март вай бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, дар Ню-Йорк ва атрофи он наздики 50 ҳазор узбекистонӣ зиндагӣ мекунад.

69 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Қирғизистон

Ӯш, Қирғизистон, 4 апрел, 2020.

Вазири тандурустии Қирғизистон Собирҷон Абдикаримов гуфт, 6-уми апрел дар ин кишвар 69 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 сабт шудааст. Ба гуфтаи вазир, ҳолатҳои нав дар афроде ошкор шудааст, ки бо беморон тамос доштанд.

Дар маҷмӯъ дар бемористонҳои Қирғизистон 202 нафар табобат мегиранд, ки вазъи 5 танашон вазнин гуфта мешавад.

Дар Қирғизистон то 6-уми апрел 216 кас ба коронавирс мубтало шуда, чаҳор кас ҷон бохтаанд. То ҳол 10 кас шифо ёфтаанд. Имрӯз низ қарор аст, 23 тани дигар аз беморхона рухсат шаванд.

СММ гуфт, дар ҳолати карантин хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бо нашри як паёми видеоӣ дар "Твиттер" гуфт, дар шароити карантин, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ҷорӣ аст, ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст.

"Ҳафтаҳои ахир мо дар пайи ташдиди фишорҳои иқтисодиву иҷтимоӣ шоҳиди ҳолатҳои даҳшатбори хушунати хонаводагӣ мешавем", - изҳор дошт дабири кулли СММ.

Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз кишварҳо шикояти занон ба хадамоти кумакрасон зиёд шудааст. Гутерриш мегӯяд, кори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тиб бештар шуда, манбаъҳо барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ намерасанд.

Дабири кулли СММ ба мақомоти кишварҳо пешниҳод кардааст, то сармоягузории созмонҳои ғайритиҷориеро афзоиш диҳанд, ки бо дастгирии қурбониёни хушунати хонаводагӣ машғул ҳастанд.

Дар Русия аллакай 9 созмони ҷамъиятие, ки бо қурбониёни хушунати хонаводагӣ кор мекунанд, аз мақомот хостанд, то барои ҳимоят ва кумаки осебдидагони вазъи карантин чораҳои фаврӣ андешанд.

Бино ба баъзе аз хабарҳо, дар ҳоли ҳозир дар саросари олам 2,6 миллиард одам дар ҳолати карантин ба сар мебаранд.

Даъват аз матбуоти Косово барои ҷилавгирӣ аз “шиддат” дар пасманзари бӯҳрони коронавирус

16 марти соли 2020. Як бемори эҳтимолан олудашуда ба коронавирусро ба беморхонаи шаҳри Приштинаи Косово оварданд

Федератсияи журналистони Аврупо (ФЖА) аз матбуоти Косово даъват кард, ки дар замони бӯҳрони беҳдоштӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус, аз “шиддат бахшидан ба танишҳо” худдорӣ кунанд. Созмони мустақар дар Брюссел бо пахши изҳороте рӯзи 4 апрел гуфт, ки вазъи карантин дар шаҳраке бо аксар сербҳои сокинаш дар минтақаи Митровитсаи Шимолӣ аз ҷониби телевизиони давлатии РТК ва сомонаи интернетии Sinjali пӯшиши “нодуруст ва ғайриахлоқии иттилоотӣ” дидааст. “Чунин ба назар мерасад, ки бархе сиёсатмадорон, бахусус президенти Сербистон Александр Вучич ва раиси ҷумҳурии Косово Ҳошим Тачӣ бӯҳрони коронавирусро ба манфиати худ барои афзоиши таниши сиёсиву иҷтимоӣ истифода мекунанд”, гуфт Рикардо Гутерреш, дабири кулли ФЖА. Ӯ аз журналистон хост, ки “ба бозиҳои онҳо бозӣ накунанд ва ба манфиати ҷомеа амал бикунанд”. САҲА ҳам гуфт, ки вазъ бо Ковид-19 “ҳамраъйиву ҳамкории тамоми ҷомеа ва ҳам мақомот дар минтақаро тақозо мекунад”.

Мақомот дар минтақаи аққалиятҳои сербнишини Косово ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тадбирҳои монанд ба Сербистонро ҷорӣ карданд. Мақомоти Косово гуфтанд, ки дар ин кишвар 145 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус, аз ҷумла се ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст. Вале ин омор 26 ҳодисаи олудагӣ, аз ҷумла як ҳодисаи марг ба вирусрро дар минтақаи шимолии аксаран сербнишин ба эътибор нагирифтааст. Мақомот дар ин минтақа ба сохторҳои беҳдоштии Сербистон гузориш медиҳанд. Косово, ки собиқ вилояти Сербистон мебошад, соли 2008 истиқлолияти худро эълон кард, вале Белград инро ба расмият намешиносад.

Баъди ҷустуҷӯҳои сартосарӣ дар Покистон 20 ҳазор намозгузор ба карантин гирифта шуд

Аъзои Таблиғи Ҷамоат маросими динии серӯзаро тарк мекунанд. 13 март соли 2020

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки 20 ҳазор намозгузор ба карантин гирифта шудаанд ва ҷустуҷӯи ҳазорҳо нафари дигар идома дорад, ки бо вуҷуди пандемияи коронавирус моҳи март дар як маросими динии Лоҳур иштирок карданд. Беш аз 100 ҳазор нафар даъвати мақомот барои бекор шудани мулоқот бо аъзои Таблиғи Ҷамоат – як ҷумбиши диниро нодида гирифта, дар ин маросим иштирок карданд. Мақомот гуфтанд, ки мехоҳанд тамоми ширкатдорони ин маросими рӯзҳои 10 то 12 март баргузоршударо аз санҷиши тиббӣ гузаронида ва ё карантин бикунанд. Лоҳур маркази маъмурии вилояти Панҷоб аст, ки 11 миллион аҳолӣ дорад. Дар ин вилоят танҳо 7 ҳазор нафар карантин шуда дар вилояти ҷанубии Синдҳ 8 ҳазор узви Таблиғ дар карантин ҳастанд. Дар вилояти шимолуғарби Хайбар Пахтунхва 5300 узви Таблиғи Ҷамоат, ки дар маросими динӣ иштирок карданд, бо каратин фаро гирифта шудаанд.

Умедвории Трамп ба беҳбуди вазъ дар ИМА ва ба беморхона интиқол шудани нахуствазири Бритониё

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 27 март эълон кард, ки ба коронавирус олуда шудааст

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар муборизаи кишвар бо паҳншавии коронавирус нишонаҳои умед ба даст омадааст, дар ҳоле, ки хабарҳо аз Бритониё мегӯяд, нахуствазири ин кишвар Борис Ҷонсон эътироф кард, ки ба бемористон интиқол ёфтааст. Трамп бо ин ки гуфт, шумори фавтидаҳо дар паи олудашавӣ ба коронавирус дар ду ҳафтаи наздик ба нишондодҳои “ваҳшатнок” наздик хоҳад шуд, илова кард, ки боз ҳам аломатҳои коҳиш дар ошкоршавии ҳодисаҳои нав вуҷуд дорад. Трамп гуфт, ки “дар поёни нақби торик рӯшанӣ” дида мешавад.

Дебора Биркс, духтур ва ҳамоҳангсози Кохи Сафед дар умури муқобила бо вирус гуфт, ки Итолиёву Испания ба баъзе пешравиҳо даст ёфтанд ва умедворӣ ин аст, ки дар ИМА ҳам дар фурсати ду ҳафтаи баъдӣ чунин тағйирот мушоҳида хоҳад шуд.

Чанд соат пеш аз изҳороти Трамп, ҳукумати Бритониё эълон кард, ки Ҷонсон, ки қаблан дар бораи олудашавиаш ба коронавирус хабар дода буд, ба беморхона интиқол дода шуд. Даунинг Стрит гуфт, ки чунин тасмим бо машварати духтури нахуствазир ҳамчун як “иқдоми эҳтиёткорона” гирифта шуд. Трамп гуфт, ки “Тамоми мардуми Амрико барои ӯ дуо мекунад”. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки базудӣ ҳама чиз хуб мешавад.

Трамп гуфт, агар Русияву Саудӣ ба созиш нарасанд, аз нафти онҳо боҷ меситонанд

Президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти хабарии рӯзи 5 апрел дар Кохи Сафед

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, агар Русияву Саъудӣ натавонанд дар масъалаи коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нафт ба мувофиқа бирасанд, ӯ аз нафти воридотии ҳарду кишвар боҷ меситонад.

Трамп рӯзи 5-уми апрел дар ҷараёни як нишасти хабарӣ гуфт, “агар онҳо ба мувофиқа нарасанд, ман ин корро мекунам. Тарофаҳои хеле ҷиддӣ. Ман бешубҳа ин корро хоҳам кард” ва афзуд, ки ӯ дар андешаи ҳимояти саноати нафти Амрико мебошад.

Боҷ аз нафти воридотӣ бар зарари Саудӣ ва ҳам Русия аст, чун ин кишварҳо содиркунандаҳои азими нафт ба ИМА маҳсуб меёбанд. Дар пасманзари пандемияи коронавирус тақозо ба нафт дар саросари ҷаҳон дар ҳаҷми то 20 миллион бушка дар рӯз ваё 20 дарсад кам шуд ва арзиши нафтро дар бист соли охир ба поинтарин сатҳ овард. Таҳлилгарон мегӯянд, коҳиши якбораи нарх хатари варшикаста кардани истеҳсолкунандаҳои азими нафт дар ИМА-ро дорад.

Баъди он ки ҳафтаи гузашта Трамп гуфт, Маскаву Риёзро ба созиш овардааст ва Риёз рӯзи 6-уми нишасти изтирории “ОПЕК плюс”-ро даъват кард, ин ду ҷониб вориди баҳс шуда ҳамдигарро дар шурӯи ҷанги нарх гунаҳгор карданд, санаи баргузории ҷаласаи изтирории ОПЕК ба 9-уми апрел кӯчид.

Омодагиҳои бештар дар Узбекистон барои муқобила бо КОВИД-19

Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Аз беморони Маркази илмиву таҷрибавии шикастабандии шаҳри Самарқанд хостанд, ки бинои муассисаро холӣ кунанд.

Кормандони раёсати тандурустии вилояти Самарқанд гуфтанд, дар ҳоли ҳозир "муассисаи мазкур бо тамоми таҷҳизоти барои табобати гирифторони коронавирус зарурӣ таъмин шудааст".

Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки бемористони уфунатии Самарқандро барои табобати "гирифторони коронавирус омода кардаанд". Дар вилоятҳои дигари Узбекистон ҳам марказҳои қабули гирифторони коронавирус таъсис шудааст.

"Табибон ба бадтар шудани вазъият омода мешаванд. Дар сурати афзоиши шумораи гирифторон бештар аз 200 муассисаи тиббии хусусӣ дар вилояти омодаанд, ки беморонро қабул кунанд. Ба ҷуз ин, биноҳои мактабҳо ва коллеҷҳо ҳам барои табобати гирифторони коронавирус истифода мешаванд",-гуфт Бахтиёр Қурбонов, як табиби ботаҷриба аз вилояти Андиҷони Узбекистон.

Мансабдори дигар аз ҳукумати Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати кишвараш ба бадтаршавии вазъ омодагӣ мебинад. Вай гуфт, мақомот дастур додаанд, ки дар ҳар вилоят беморхонаҳои эҳтиётӣ таъсис ва 200 ҳазор кат барои гирифторони вирус омода карда шавад.

Бонки миллии Қирғизистон барои коҳиши оқибатҳои коронавирус ба бонкҳо қарз медиҳад

Бонки миллии Қирғизистон тасмим гирифт, ба хотири коҳиши оқибатҳои коронавирус ба бонкҳои тиҷории ин кишвар қарз диҳад. Фоизи солонаи қарзҳои ин ниҳод дар ҳоли ҳозир 5 дарсадро ташкил медиҳад.

Қарзҳо танҳо бо пули миллӣ дода шуда, бояд барои риояи талаботи захиравӣ, иҷрои меъёрҳои иқтисодӣ ва дигари Бонки миллӣ, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо дар назди амонатгузорон истифода шаванд.

Бонкҳо ҳақ надоранд, қарзҳоро барои амалиёт дар бозори асъор, коғазҳои қиматнок, хариди коғазҳои қиматноки давлатӣ истифода баранд. Муҳлати дарёфти қарзҳо то 30 июни имсол гуфта шудааст.

Дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон ба 147 нафар расида, 9 кас шифо ёфтааст.

Узбекистон истеҳсоли дастгоҳҳои нафаси сунъиро оғоз мекунад

Яке аз бемористонҳо дар Тошканд.

Узбекистон дар ҳамкорӣ бо як ширкати Словакия - "Chirana" истеҳсоли дастгоҳҳои нафаси сунъиро оғоз мекунад.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Бобохонов, як масъули Вазорати рушди навоварии Узбекистон истеҳсоли дастгоҳҳо моҳи майи соли равон оғоз мешавад. Сохтмони пурраи корхона қарор аст, то моҳи сентябри соли равон ба поён бирасад.

Шарикони хориҷӣ тасмим доранд, дар марҳалаи аввал ба корхона 3 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ва 30 ҷои корӣ ташкил кунанд. Дар марҳалаи дувум сармоягузории 5-6 млн доллар ва таъсиси 100 ҷои корӣ дар назар аст.

"Чунин дастгоҳҳо феълан дар 12 кишвар истеҳсол мешаванд. Дастгоҳҳои навъи "CHIRANA" ба гуруҳи шашгонаи машҳури ҷаҳон шомиланд. Бунёди чунин корхона дар Узбекистон амнияти тиббиро таъмин месозад", - гуфт мудири кулли ширкати "CHIRANA+" Василий Шимко.

Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоёни коронавирус дар Узбекистон ба 342 нафар расидааст.

Даргузашти Сардор Раҳдор, шоир ва рӯзноманигори тоҷик

Сардор Раҳдор, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.

Сардор Раҳдор, шоир ва рӯзноманигори тоҷик шаби гузашта дар сини 66-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт. Наздикони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ чанд рӯзи ахир дар бахши эҳёгарии бемористони Қаряи Болои Душанбе бистарӣ буд. Ҷасади ӯро субҳи имрӯз, душанбеи 6-уми апрел барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон интиқол доданд.

Сардор Раҳдор хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд ва муддате дар Афғонистон ба ҳайси афсари низомӣ хизмат кард. Ӯ муддати беш аз 15 сол ба ҳайси корманди бахши маърифатии Хазинаи Оқохона дар Хоруғ ва Душанбе фаъолият намуд. Барои чанд сол муҳаррири калони ҳафтавори "Нақлиёт"-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд. Бо забонҳои помирӣ (шуғнонӣ-рӯшонӣ) ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Аз ӯ чанд маҷмӯаи шеърӣ боқӣ мондааст.

Шумораи гирифторон ба COVID-19 дар Қазоқистон ба 584 тан расид

Чимкент, Қазоқистон.

Вазорати тандурустии Қазоқистон 5-уми апрел хабар дод, ки дар ин кишвар 15 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳудуди 58 дарсади ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато (мутаносибан 219 ва 116 ҳолат) ошкор гаштааст.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, аз ин миён 36 кас шифо ёфта, шаш нафар ҷон бохтаанд.

"Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки марҳалаи асосии мубталошавӣ ба коронавирус ба моҳҳои апрел ва май рост меояд. Дар ин марҳила гирифтории 3 500 нафар ба вирусро пешбинӣ мекунем", - навиштааст вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов дар Фейсбук.

Гуфтугӯҳо дар бораи нафт бинобар баҳси Москва бо Риёз ба таъхир афтод

Вазирони энержии Арабистони Саудӣ ва Русия.

Нишасти намояндагони кишварҳои истихроҷкунандаи нафт, ки қарор буд 6 апрел баргузор шавад, ба таъхир афтод. Ба иттилои хабаргузории "Reuters", ин ҷаласа қарор аст, ба иллати коронавирус дар шакли видеоӣ 8 ё 9 апрел баргузор шавад.

Сабаби ба таъхир афтодани нишаст, баҳсҳо миёни Москва ва Риёз гуфта мешавад, ки дар поинравии нархи нафт якдигарро айбдор мекунанд.

Ба баргузории нишасти мазкур президенти ИМА Доналд Трамп исрор карда буд. Трамп ахиран гуфт, вазъи бозори ҷаҳонии нафт бояд фавран ба эътидол оварда шавад.

Талабот ба нафт дар пайи ошкор ва паҳн шудани коронавирус дар ҷаҳон якбора поин рафт. Фаъолияти бештари корхонаҳо ва ҳаракати тамоми нақлиёт манъ карда шуд.

Дар ҷаласаи навбатӣ қарор аст, масоиле баррасӣ шаванд, ки кишварҳои ОПЕК ва Русия ба хотири коҳиши истихроҷи нафт роҷеъ ба онҳо ба созиш нарасида буданд.

Трамп гуфт, агар Москва ва Риёз рӯзҳои наздик барои коҳиши истихроҷи нафт ба созиш нарасанд, ИМА ба хотири ҳифзи бахши нафти ин кишвар ба воридоти нафти хом боҷ ҷорӣ мекунад.

Намояндагони ширкатҳои коркардкунандаи нафт бо ирсоли нома аз Трамп хостанд, ки боҷ ҷорӣ накунад, чун боиси болоравии бензин дар ИМА хоҳад шуд. ИМА нафтро аз Русия ва Арабистони Саудӣ ворид мекунад.

Тазоҳурот дар Туркманистонро бо "орд" фӯру нишонданд

Тазоҳурот дар инҷо дар шаҳри Мари (Марв) сурат гирифт.

Мақомоти Туркманистон тазоҳуроти гурӯҳе аз занонро, ки аз норасоии маводи ғизоӣ эътироз доштанд, бо тақсими орд ба онҳо фӯру нишондаанд. Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, рӯзи 3-уми апрел 30 зан дар шаҳри Марв ба нишони эътироз аз набуди орд ва рӯған ба кӯча баромада ва муддати кӯтоҳе шоҳроҳи аслӣ ба самти Ишқобод, пойтахти Туркманистонро бастаанд. Сипас онҳо ба назди қароргоҳи ҳукумати шаҳр омадаанд ва баъди онки дастур шудааст, ба онҳо ду килоӣ орд тақсим кунанд, ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Норасоии маводи ғизоӣ дар Туркманистон се сол боз аст, ки эҳсос мешавад, вале маҳдуд кардани равуо ба сабаби пандемияи коронавирус вазъро бадтар кардааст. Дар Туркманистони ҳаммарз бо Эрон ба гуфтаи мақомот ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст, вале барои роҳ надодан ба сирояти он марзҳоро баста ва равуо дар дохили кишвар, воридоти маводи хӯрока аз хориҷро маҳдуд кардаанд. Бисёриҳо ба гуфтаи мақомоти Туркманистон дар бораи набуди КОВИД-19 дар кишвар шубҳа доранд.

Як узви Горди президентии Афғонистонро куштаанд

Пағмон дар канори шаҳри Кобул дар гузашта ҳам шоҳиди қатлу бомбгузориҳои хунин шудааст.

Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, афроди мусаллаҳ як узви Горди раёсати ҷумҳуриро дар канори шаҳри Кобул куштаанд. Тариқ Ориён, сухангӯи вазорат рӯзи 4-уми апрел гуфт, як узви дигари гурӯҳи посбонони президент дар ин ҳамла дар ноҳияи Пағмон ҷароҳат бардоштааст.

Маълум нест, ки ӯро ҳангоми иҷрои вазифаашон куштаанд ва ё берун аз кор. Ҳеҷ касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, ҳарчанд ҳамлаҳои шабеҳ дар гузаштаро кори дасти Толибон номидаанд. Аъзои Горди президентӣ дар Афғонистон, нерӯҳои вижа ба ҳисоб мераванд ва омӯзиши Амрикоро гирифтаанд.

Оташи атрофи нерӯгоҳи Чернобилро хомӯш кардаанд

Шаҳри холишудаи Припят дар наздикии нерӯгоҳи Чернобил

Мақомоти Украина мегӯянд, сӯхтор дар наздикии нерӯгоҳи атомии вайроншудаи Чернобилро комилан хомӯш кардаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 5-уми апрел бо нашри як баёния гуфт, меъёри радиатсия ва ё шуоҳои зиёновар мӯътадил аст ва боло нарафтааст. Рӯзи 4-уми апрел баъди оташ гирифтани 20 гектар замин дар минтақаи беодам ва атрофи нерӯгоҳ мақомоти Украина ба онҷо 21 мошин, 150 оташнишон ва се ҳавопайморо сафарбар карданд.

Нерӯгоҳи атомии Чернобил соли 1986 таркид ва ҳавои кишварҳои зиёдеро дар қаламрави Аврупо бо моддаҳои радиоактиви зиёновар олуда кард. Мақомоти Украина рӯзҳои 4 ва 5-уми апрел гуфтанд, ки атрофи нерӯгоҳро назорат мекунанд, то хатарҳои эҳтимолиро аз байн баранд.

Пештар аз ин мақомоти Украина аксҳоеро аз ҳавопаймо нашр карданд, ки дар онҳо дуди ғализе дар фазои минтақа дида мешавад. Дар натиҷаи таркиш дар фурудгоҳи Чернобил дар замони шӯравии собиқ даҳҳо нафар ҷон додан ва моддаҳои зиёновари хориҷшуда аз он баъдан ҳазорон нафари дигарро кушт. Соли 2016 болои нерӯгоҳи вайроншударо бо сарпӯши азиме бастанд, то хатари ихроҷи радиатсия аз он камтар шавад.

Дар Русия як тирандоз панҷ нафарро ба ҳалокат расонд

Иллюстративное фото.

Сокини деҳаи Елатма дар вилояти Рязани Русия ба ҳамсоягонаш тирандозӣ кард. Дар натиҷа 5 нафар кушта шуданд. Гумонбари ҳодиса боздошт шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии минтақаии Кумитаи тафтишотӣ.

Бино бар маълумоти муфаттишон рӯзи 4 апрел, наздикиҳои соати 22 ин мард аз айвони бинои истиқоматияш ба гуруҳи ҷавонон, ки дар куча буданд, эрод гирифт, ки баланд гап назананд. Дар байни ду тараф мунозира бархост ва мард силоҳи шикории худро гирифта, берун баромад ва тир кушод. Чаҳор мард ва як зан кушта шуданд.

Ин шахс боздошт шуд ва силоҳаш мусодира. Ҳоло масъалаи ҳабси ӯ баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи як манбаи хабаргузории «Интерфакс», гумонбари куштор мехост, фирор кунад, вале аз тарафи кормандони полис дар наздикии хонааш боздошт шуд. Гуфта мешавад, ӯ аз бемории равонӣ ранҷ мебурд.

Кумитаи тафтишотии Русия аз ҷойи воқеа ин наворро нашр намуд:

Ҳалокати як нафар дар таркиши гази табиӣ дар Русия. ВИДЕО

Бар асари таркиши газ дар бинои истиқоматии панҷошёна дар шаҳри Орехово-Зуево, 85-километрии шарқи Маскав, як нафар ба ҳалокат расида, шаш тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомот мегӯянд, захмиҳоро дар бемористон бистарӣ карданд. Ҳодиса рӯзи 4-уми апрел рух дод. Мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтанд, таркиш дар ошёнаи севуми бино ба вуқуъ пайваста, манзилҳои яке аз даромадгоҳи биноро вайрон кардааст. Ин бино аз 80 хона иборат аст. Андрей Гантсев, иҷрокунандаи вазифаи додситони вилояти Маскав гуфтааст, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Таркиши маргбори гази табиӣ дар манзили зисти Орехово-Зуевои Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Коршиносони амрикоӣ дар бораи вирус ва кумак ба Тоҷикистон гуфтанд

Масъулони ду созмони бонуфузи амрикоӣ гуфтанд, бо вуҷуди вазъи нигаронкунанда ва паҳншавии босуръати КОВИД-19 дар ИМА, ин кишвар омодааст ба шариконаш дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ёрӣ кунад.

Даниел Сингер – раҳбари минтақавии марказҳои амрикоӣ оид ба назорат ва ҷилавгирии бемориҳо ва Ҷошуа Карнес – намояндаи Барномаи рушди байналмилалии Амрико дар ин бора рӯзи 3-юми апрел дар нишасти онлайнӣ ба хабарнигорони минтақа ибрози назар карданд.

Онҳо гуфтанд, аз замони пайдо шудани вируси корона аз масъулон дар кишварҳои минтақа суолҳои зиёде мегиранд ва пайваста бо онҳо гуфтугӯ доранд.

Даниел Сингер, раҳбари минтақавии марказҳои амрикоӣ оид ба назорат ва ҷилавгирии бемориҳо гуфт: “Ҳоло сармоягузории иловагиро интизорем, ки барои таҳкими кор дар гузаргоҳҳои марзии кишварҳо пешбинӣ шудааст. Дар ду даҳсолаи ахир мо 160 эпидемиологҳоро омӯзиш додем. Барои мисол, ҳоло дар Қирғизистон беҳтарин эпедимиологҳо фаъолият доранд.”

Мутахассисони амрикоӣ дар бораи то ба ҳол ошкор нашудани ҳолати гирифтории сокинон ба коронавирус дар Тоҷикистон изҳори назар карданд. Ҷошуа Карнес, намояндаи барномаи рушди байналмилалии Амрико гуфт, фикр мекунад, ягон далеле барои пинҳон кардани мавриди гирифторӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад: “Таҷрибаи ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистонро дорам ва то ҷое медонам, дар робита ба омор ошкоранд ва дар ин масъала шубҳа намекунам.”

Аммо, ба гуфтаи ин коршинос, ҳоло бояд таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаи афзоиши тестҳои озмоишӣ ва сифати онҳо равона карда шавад. Даниел Сингер, раҳбари минтақавии марказҳои амрикоӣ оид ба назорат ва ҷилавгирии бемориҳо мегӯяд, «ба кишварҳо, махсусан ба Тоҷикистон, дар таъмиини тестҳои босифат кумак мекунем. Барои чунин ташхисҳо, озмоишҳои босифат хеле заруранд”.

Мутахассисони амрикоӣ аз мақомоти Қирғизистон барои пешниҳоди ошкор ва саривақтии иттилоъ дар робита ба коронавирус ба ҷомеа ситоиш карданд. Ба таъкиди онҳо, барои сари вақт ҷилавгирӣ шудан аз паҳншавии вирус ин нукта бисёр муҳим аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG