Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Узбекистон таҳқиқи "таҳдидҳои шаҳрдори Тошканд"-ро оғоз кард


Додситонии кулли Узбекистон навори садоии баҳсбарангезеро шарҳ дод, ки дар он гӯиё шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рӯзноманигоронро таҳқир ва таҳдид ба қатл мекунад.

Зоҳиран навор ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон сабт шудааст. "Як ҳафта пеш дар бораи корхонаҳои ман навиштанд ва онҳоро инҳисор номиданд. Агар ҳозир барояшон 10 ҳазор доллар бидиҳӣ, ситоишро оғоз хоҳанд кард. Онҳо кӣ ҳастанд? Палидҳои пастанд! Онҳо фарзанди инсон ё саг бошанд? Тавре мекунам, ки шуморо ба маҳаллаатон роҳ намедиҳанд ва волидонатонро масхара хоҳанд кард. Ҳамсояҳоятон шарм медоранд, ки бо шумо салом кунанд. Ман ин корро карда метавонам. Барои ман ҳамҷинсгаро эълом кардани шумо мушкил аст? Осон аст! Дар 6 сония шуморо дар як таксӣ бо ҳамҷинсгаро шинонда, акс мегирам. Тамом! Шумо ҳамҷинсгаро!", - гуфта мешавад дар навор.

Сомонаи Kun.uz 17 ноябр матлаберо зери унвони "Озодии баён бо шеваи Ортиқхоҷаев" нашр кард. Дар матлаб омадааст, ки шаҳрдори Тошканд дар он навор рӯзноманигорони сомонаи Kun.uz Раҳматилло Исроилов, Шерзод Эгамбердиев ва Баҳодур Аҳмадовро пас аз қазияи таъқиби хабарнигорони сомона аз сӯи муовини раиси ноҳияи Олмазор А. Ваҳобов дар утоқи корияш таҳдид кардааст.

"Он рӯз шаҳрдори Тошканд ҳар ду ҷониби баҳсро барои созиш ба утоқи корияш даъват карда буд. Вале норозигии ҷонибҳо барои созиш вохӯриро ба "ҷаласаи тарбиявӣ" барои рӯзноманигорон табдил дод", - навиштааст Kun.uz.

"Додситонии кул омӯзиши навореро оғоз кард, ки 16 ноябр дар Интернет нашр шуда, ба шаҳрдори Тошканд рабт дода мешавад. Ҳамчунин воқеӣ будани навор, кай ва дар кадом шароит сабт шудани он низ санҷида хоҳад шуд. Натиҷаи санҷиш пас аз поёни таҳқиқ эълом мешавад", - омадааст дар изҳороти Додситонии кулли Узбекистон.

Хадамоти матбуотии шаҳрдории Тошканд низ бо нашрия як иттилоия гуфт, омӯзиши навори мазкурро оғоз кардааст. "Барои омӯзиши ҳамаҷонибаи навори мазкур гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдор ташкил карда шуд", - афзудааст хадамот.

Оҷонси иттилоот ва робита бо ҷомеаи назди президенти Узбекистон низ гуфт, навори баҳсбарангезро хоҳад омӯхт.

XS
SM
MD
LG