Дар Ҷумҳурии Беларус интихоботи порлумонӣ идома дорад ва бо вуҷуди ҳузури номзадҳои зиёде аз мухолифон аксарият бовар доранд, ки тарафдорони раиси ҷумҳур Александр Лукашенко бештари курсиҳоро соҳиб мешаванд. Интихоботи рӯзи 17-уми ноябр дар замонест, ки Беларус дар чаҳорроҳа қарор дорад. Фишори Русия ба Беларус барои ҳамкориҳои наздиктари низомӣ ва иқтисодӣ, Лукашенкоро водор кардааст, аз паси тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Чин шавад.
Як давраи дигари раёсати ҷумҳурии худи ӯ, ки 25 сол аст, кишвари 9.5 миллионнафариро раҳбарӣ мекунад, соли оянда ба поён мерасад. Ва ҳоло ин суол матраҳ аст, ки ҳукуматдории худкомаи Лукашенко то кай идома мекарда бошад. Барои 150 курсии палатаи поёнии Маҷлиси Миллии Беларус, ки мутеи ҳукумат аст, 500 номзад ба мақоми вакилӣ рақобат доранд. Бештар аз 200 довталаби курсии вакилӣ ва аксарият аз тарафдорони мухолифонро ба интихобот роҳ надоданд, чун ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оварда натавонистаанд.
Аз ҷумла Ҳанна Канапатская, узви Ҳизби Шаҳрвандони Муттаҳид, як ҳизби мухолифи давлат ва Алёна Анисим, номзади мустақили наздик ба мухолифон аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шуданд. Ҳарду соли 2016 ба порлумон роҳ ёфтанд ва баъди соли 1996 нахустин вакилони мустақил ва ё мухолиф дар Маҷлиси миллии Беларус шуданд.