Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абилғозиев гуфт, медонад кӣ аз қочоқчиён ҳимоят мекунад


Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев гуфт, ҳар рӯз ба кишвараш аз тариқи қочоқ беш аз 100 тона маводи сӯхту равғани молиданӣ ворид мешавад. Ба гуфтаи Абилғозиев, ӯ огаҳ аст, ки дар ин қочоқҳо кадом мансабдорон даст доранд.

Вакили порлумони Қирғизистон Азамат Араббоев ҳангоми баррасии тарҳи буҷаи соли 2020 гуфт, қочоқ бидуни иштироки "шахсони рутбадор" номумкин аст. "Раҳбарони дидбонгоҳҳои марзӣ миллионер шудаанд. Ман ҳисоб кардам, тақрибан 8 миллиарду 200 миллион соми буҷа ба ҷайби бархеҳо меравад",-изҳор дошт Араббоев.

Сарвазири Қирғизистон дар посух ба гуфтаҳои вакил иқрор кард, ки ҳангоми воридоти сӯзишворӣ нақшаи қочоқ вуҷуд дорад.

"Масъалаи мудирияти воридот солҳо боз ҳалношуда аст. Мо аз чӣ оғоз кардем? Нахуст воридоти сӯзишвориро бо мошин манъ кардем. Ҳоло маводи сӯхт танҳо бо роҳи оҳан ворид мешавад. Дар ҳақиқат мушкилиҳо вуҷуд доранд ва лӯлаҳои интиқоли ғайриқонунии сӯзишворӣ низ ҳастанд. Мегӯянд, рӯзона беш аз 100 тона ворид месозанд. Вале ман фикр мекунам, рақамҳо бештар аз инанд. Инро низ медонам, ки иҷрои чунин нақшаҳо бе иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон надорад. Ба мо хабар мерасонанд, ки дар онҷо кӣ нишастааст ва чи қадар мегирад",-изҳор дошт Абилғозиев.

XS
SM
MD
LG