Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар авҷи танишҳо байни Анқара ва Вашингтон, ду узви НАТО, ба Амрико рафтааст ва интизор меравад рӯзи 13-уми ноябр бо президент Доналд Трамп мулоқот кунад.
Эрдуғон бори охир соли 2017 ба Амрико рафта буд. Он вақт муҳофизонаш дар назди қароргоҳи сафири Туркия ба эътирозгарони осоиштаи курд ҳамла карданд.
Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 11 уми ноябр пеш аз сафараш ба Вашингтон дар Анқара гуфт, равобити Туркияву Амрико “марҳилаи дарднок”-ро пушти сар мекунад.
Ҳамон рӯз як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико низ эътироф кард, ки ду кишвар дар баъзе аз масъалаҳо ихтилоф доранд.
Вай ба хариди системаи дифои ҳавоии S-400-и Русия аз сӯи Туркия ва вуруди нерӯҳои ин кишвар ба шимоли Сурия ишора кард.