Баъди садамаи шоми якшанбе дар хатҳои барқи шаҳри Нурсултони Қазоқистон қисме аз манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурии ин шаҳр бе барқ монданд. Субҳи рӯзи 11 ноябр ҳукумати шаҳри Нурсултон хабар дод, ки дар манзили сокинон ва биноҳои маъмурӣ барқ дубора барқарор шудааст.
Шоми якшанбе сокинони Нурсултон аз бебарқии қисме аз шаҳр ва фаъол набудани чароғакҳои роҳнамо шикоят карданд. Алтай Кулгинов, шаҳрдори Нурсултон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки бартарафсозии оқибати садама идома дорад.
Берик Курмангулӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон субҳи рӯзи душанбе хабар дод, ки дар робита ба садама дар хатҳои барқ президенти Қазоқистон дастур додааст, ки комиссияи махсус ин ҳолатро санҷад.
"Санҷиши ҷиддӣ бояд анҷом ва гунаҳкорон пайдо шаванд ва дар сурати зарурат парванда бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол шавад",-хабар дод Курмангулӣ аз қавли Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон.
Миёнаҳои моҳи июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон низ чанде аз ноҳияҳои шаҳр давоми чанд соат бе барқ монда буданд. Бебарқӣ дар шаҳри Алмато боиси танбашавии роҳҳо гардид ва метро низ аз кор монда буд.