Мақоми ҳифзи ҳуқуқи СММ дар Женева рӯзи 7 ноябр ҳисоботи расмии намояндагони Қазоқистонро дар бораи риоя шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвар мешунавад.
Ҳайати Қазоқистонро дар Женева вазири адлия Марат Бекетаев роҳбарӣ мекунад.
Ин севумин ҳисоботи миллии Қазоқистон дар доираи Гуруҳи кории Баррасии давраии олии Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аст. Нахустин ва дувумин ҳисоботи Қазоқистон дар доираи Гуруҳи кории мазкур мутаносибан соли 2010 ва 2014 ироа шуда буд.
Давоми ин ду давра ҳукумати Қазоқистон мебоист тавсияҳои СММ марбут ба пешгирӣ ва таҳқиқи шиканҷа, хушунат нисбати занон, ҳифзи озодии баён ва расонаҳо, ғайриҷиноӣ кардани таҳқиру туҳмат, ҳуқуқи муҳоҷирон, гурезагон ва ақалиятҳои қавмӣ, озодии виҷдону дин ва ғайраро иҷро мекард.
Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch чанд рӯз пеш аз ҳисоботи мақомоти Қазоқистон дар Женева изҳор дошт, ки давоми ним соли президентиаш Қосимҷомарт Тоқаев ваъдаҳои пешазинтихоботиро иҷро накардааст.