Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ҷаримаи хориҷиҳоро барои нақзи қоидаҳои буду бош кам кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 5-уми ноябр тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо кард.

Ин тағйирот ҳаҷми ҷаримаи хориҷиҳоро барои вайрон кардани тартиботи буду бош, пеш аз ҳама мавҷуд набудани сабти ном ва сари вақт тамдид накардани санади сабти ном 10 баробар кам мекунад. Тартиботи нав ҳам ба сайёҳон ва ҳам ба меҳмононе дахл дорад, ки ба дидорбинии пайвандонашон ва ё бо корҳои шахсӣ вориди Узбекистон мешаванд.

Кодекси ҷиноии Узбекистон пештар аз ин барои такроран вайрон кардани тартиботи буду бош то се соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мекард.

Барои як дафъа вайрон кардани тартиби буду бош, аз ҷумла сари вақт сабти ном накардан, аз муҳлати муайяншуда бештар ҳузур доштан аз 50 то 100 маоши ҳадди ақал ҷарима дошт, ки ҳамакнун ин нишондиҳанда аз 5 то 10 маоши ҳадди ақал поён оварда шудааст.

Пештар аз ин тартиби сабти номи хориҷиҳо дар Узбекистон яке аз сахттарин муқаррарот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Аз ҷумла, ҳар меҳмони хориҷӣ вазифадор буд, ки давоми се рӯзи воридшавиаш худро дар қайди пулис гузорад. Соли гузашта ин тартибот каме тағйир дода шуда ва муҳлати серӯзӣ ба якмоҳа тамдид шуд.

XS
SM
MD
LG