Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди вакили собиқи Украина ба хабарнигорон


Андрей Портнов
Андрей Портнов

Як мақоми собиқи баландпояи Украина, ки ба таҳдид ба хабарнигорон муттаҳам мешуд, иттиллои хусусии гурӯҳе аз хабарнигорони тарҳи таҳқиқотии “Схеми”- ро ошкор кард. Тарҳи мазкурро бахши украинии Радиои Озодӣ ва телевизиони “УА: Перши” амалӣ мекунанд.

Андрей Портнов, вакили собиқи мардумӣ ва муовини собиқи раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар аҳди Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина дар каналаш дар Телеграм рақамҳои 16 мошинеро нашр кард, ки хабарнигорон ва дигар кормандони тарҳ истифода мебаранд.

Рақамҳои мошинҳоро аз рӯзи 31-уми октябр то 5 ноябр нашр кард. Таҳқиқи фаъолиятҳои ӯ ва иртиботаш бо намояндагони ҳукумати феълии Украина зоҳиран сабаби амалкарди ӯ нисбат ба хабарнигорон шудаааст. Андрей Портнов рӯзи 5-уми ноябр навишт, ҳар касе, ки ин мошинҳоро мебинад, “ба ронандааш зарбаи сахт ва мақбул бизанад.”

Ӯ ҳамчунин рӯзи 31-уми октябр гуфт, ки ронандагони ин мошинҳо зери назоратанд ва мумкин аст, осеб бинанд. Вакили собиқ гуфт, ин кор посух ба “Схеми” аст, маълумотҳои хусусии ӯро нашр кард. Андрей Портнов ҳамчунин таҳдид кард, маълумоти хусусии хабарнигорони бахши украинии Радиои Озодӣ ва дигар кормандонашро нашр мекунад ва ин корро ҳам кард.

XS
SM
MD
LG