Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи қазоқ дар марги 11 одам айбдор ва 5 сол зиндонӣ шуд


Ҳукми додгоҳи вилояти Ҷамбили Қазоқистон дар доираи парвандаи садамаи нақлиётие бо иштироки як автобус содир шуд, ки 11 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошта буд.

Ҳодиса субҳи 20-уми апрели соли равон дар шоҳроҳи Чини Ғарбӣ -- Аврупои Ғарбӣ рух дод. Он рӯз як мошини сабукраву автобус ба мошини боркаше бархӯрда буданд ва ба гуфтаи пулис, дар садама ронандаи автобус айбдор буд.

Ба иттилои пулис, дар миёни қурбониёни ҳодиса шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбекистон низ буданд. Ҳамчунин 32 тани дигар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтанд.

Додгоҳ ронандаи автобус Т.-ро дар нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги беш аз ду одам шудааст, айбдор дониста, 5 сол зиндонӣ ва аз ҳаққи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 7 сол маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG