Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Тоҷикистону Туркманистон бе ҳалли мушкили 10-моҳа


Мошинҳои озими Тоҷикистон дар марзи Туркманистон
Мошинҳои озими Тоҷикистон дар марзи Туркманистон

Мушкили ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Туркманистон, ки беш аз 10 моҳ боз идома дорад, дар мулоқоту гуфтугӯҳои ахири ду ҷониб ҳалли худро пайдо накардааст. Ин гуфтугӯҳо рӯзи 1-уми ноябр ҳангоми сафари ҳайати Тоҷикистон ба Туркманистон дар шаҳри Ишқобод сурат гирифтааст.

Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки дар гуфтугӯҳо ширкат доштааст, рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи ҳаракати мошинҳо ба миён гузошта шуд, вале Ишқобод посухи дақиқ надод, ки ин мушкил кай ҳал хоҳад шуд. Оқои Мирзозода дар посух ба саволе, ки оё умедвор ҳастед мушкил ҳал шавад, гуфт: “Намедонем ҳал мешавад ё не, вале умед дорем”.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз шарҳи бештар худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ҳалли баъзе масъала вақт талаб мекунад: “ Тамоми масъалаҳое, ки аз ҷониби мо буд, баррасӣ шуданд, акнун баъзе масъалаҳое аст, ки мӯҳлат талаб мекунад, онҳо байни худашон мувофиқа ва баррасӣ мекунанд”.

Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об бо ҳадафи ширкат дар нӯҳумин ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ба Ишқобод рафт. Вазорати умури хориҷӣ дар бораи ин сафар бо пахши як хабари кутоҳ иттилоъ дод, ки дар мулоқот ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид, ки “майлу хоҳиши тарафҳоро дар густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи истифодаи оқилонаи имконоти нақлиётӣ ва транзитӣ ва тавсеаи имконоти коммуникатсионии ду кишварро инъикос мекунад”.

Як рӯз қабл аз ин гуфтугӯҳо, 31 октябр дар Ишқобод ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ раҳбарӣ мекард. Вафо Ниятбекзода, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни мулоқотҳо ягон масъалаи мубрам матраҳ нашудааст ва “чунин ройзаниҳои сиёсӣ ҳамасола доир мешавад ва дар ҷараёни он масъалаҳои умумӣ баррасӣ мешаванд”.

Сафари ду ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Туркманистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар миёни доираҳои коршиносон тайи як соли ахир сӯҳбатҳо аз сардии муносибатҳои Душанбеву Ишқобод садо медиҳад.

Мақомоти Туркманистон аз 4-уми феврали имсол роҳи убури мошинҳои Тоҷикистонро дар қаламрави худ бастаанд. Мошинҳои зиёди боркаше, ки аз Эрону Туркия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон бор меоварданд, дар марз монданд ва хисороти зиёд диданд. Мақомоти Тоҷикистон баъдан аз ронандагон хостанд, аз тариқи қаламрави Озарбойҷон ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд.

Мошинҳои боркаши тоҷиконро ба хоки Туркманистон роҳ надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Бори аввал нест, Туркманистон бидуни огоҳӣ ва сабаби возеҳу рӯшане роҳҳояшро ба рӯи мошинҳо ва қатораҳои боркаши Тоҷикистон мебандад. Моҳи августи соли гузашта низ Туркманистон иҷоза надод, мошинҳои боркаш аз тариқи қаламраваш ба Тоҷикистон ҳаракат кунанд ва баъди як моҳ бидуни ҳеҷ шарҳи расмӣ роҳҳояшро боз кард. Соли гузашта, замоне, ки раҳбарии давраии кишварҳои муштаракулманофеъ аз Тоҷикистон ба Туркманистон мегузашт, президенти ин кишвар барои ширкат дар ҷаласа ба Душанбе наомад.

Сабабҳои норӯшани робитаҳои печида

Бархе коршиносон сардии муносибатҳоро бо баъзе норушаниҳо дар тарҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон арзёбӣ мекунанд, ки чунин омил метавонист, сабаби ранҷиши Ишқобод шавад. Туркманистон соли 2016 мутобиқи созиш қисмати 88-километрии ин роҳро дар қаламраваш сохт, аммо аз ҷониби Тоҷикистон дар ин самт пешравиҳои назаррас сурат нагирифт.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сардии муносибатҳои Душанбеву Ишқобод бештар ҷанбаи иқтисодӣ дорад. Ӯ гуфт, масъалаи асосӣ сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон аст, ки анҷоми корҳои сохтмонии ин тарҳ барои Туркманистон муҳим аст: “Туркманистон мавқеъ ва диди худро дорад, ки ба манфиати Тоҷикистон он қадар мувофиқ нест. Роҳи оҳан барои Туркманистон муҳим аст, бино бар ин фишор меорад, ки манфиати ин кишвар ба назар гирифта шавад, аммо барои Тоҷикистон сохтмони ин роҳ мисли пеш он қадар аҳамият надорад, зеро ҳоло муносибат бо Узбекистон беҳтар шудааст”.

Коршиноси тоҷик афзуд, ягона роҳи беҳтар шудани муносибатҳо гуфтушунид аст, вале боварӣ надорад, ба зудӣ муносибатҳо мисли пеш оддӣ шавад. Чун ба гуфтаи ӯ, “мавқеи ҳарду кишвар фарқ мекунад”. Тарҳи сохтмони роҳи оҳан соли 2013 дар ҳузури раҳбарони се кишвар муаррифӣ шуд ва он замон бисёр нозирон гуфтанд, ки дар шароити маҳдуд будани имкониятҳои коммуникатсионии Тоҷикистон бино ба ихтилофҳои Узбекистон роҳи оҳани нав мушкилоти транзитии Тоҷикистонро ҳал мекунад.

Сардии муносибатҳо аз норӯшаниҳо дар сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёт, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин самт, барои сохтмони роҳи оҳан ба тозагӣ бо ҷониби Афғонистон созишномаи дуҷонибаро ба имзо расидаанд. Ӯ дар бораи ҷузъиёти созишнома нагуфт ва танҳо ишора кард, ки дар мавриди сохтмони ин роҳи оҳан дар Ишқобод низ сӯҳбатҳое анҷом ёфтаанд.

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркманистон дар солҳои ахир коҳиш ёфтааст. Агар соли 2013 ду кишвар дар ҳаҷми беш аз 119 миллион доллар додугирифти тиҷоратӣ дошта бошанд, соли 2018 ин нишондод то 47 миллион доллар поин омадааст. Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, соли 2017 миёни Тоҷикистону Туркманистон аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ имзо шудааст, ки бар асоси он ҷонибҳо ӯҳдадоранд барои якдигар мушкилоте эҷод накунанд.

XS
SM
MD
LG