Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон роҳи мошинҳои борбари Тоҷикистонро бастааст


Мақомоти тоҷик мегӯяд, Туркманистон ба мошинҳои кишварҳои дигаре, ки барои Тоҷикистон бору коло меоранд, иҷозаи убур аз марзи худро додааст, аммо боркашҳои худи Тоҷикистон ҳамчунон иҷозаи убур аз қаламрави Туркманистонро надоранд. Мақомоти туркман аз рӯзи 4-уми феврал ба ин тараф иҷоза надодаанд, ки мошинҳои борбари Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки то ҳанӯз ҳеҷ посухи расмӣ аз мақомоти Туркманистон дарёфт накардаанд.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 11-уми уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Ишқобод ахиран ба мошинҳое борбаре, ки аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Туркия, ба Тоҷикистон бор меоранд, иҷозаи убур аз марзи худро додааст. Вале бо гузашти ҳудуди даҳ рӯз ва бо вуҷуди талошҳои мақомоти тоҷик, ҷониби Туркманистон сабабу омилҳои бастани марз ба рӯи мошинҳои борбари тоҷикро шарҳ надодааст.

Аз Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ишқобод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти Туркманистон вазъияти ба амаломадаро то ҳол расман шарҳ надодаанд ва бидуни огоҳии расмӣ роҳи убури мошинҳои Тоҷикистонро бастаанд. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Ишқобод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо ронандагоне, ки дар нимароҳ мондаанд, дар тамос мебошанд ва ба онҳо вазъро шарҳ додаанд. Ба гуфтаи ин намояндаи сафорат, аз тарафи Фароби Узбекистон ҳудуди 8 мошин дармондаанд, вале дақиқ намедонанд, ки дар Эрон чанд мошини борбари Тоҷикистон банд мондаанд.

Саидакрам Сафаров, ронандаи яке аз ширкатҳои Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Теҳрон қарор дорад ва барои бор кардани мол аз ширкати сохтмонии эронии "Амири кабир" иҷоза намедиҳанд. "Бовар кунед ба хотири он, ки марзи Туркманистон бастааст, дар инҷо иҷозат намедиҳанд, ки мошинро бор кунем, марз ҳамчунон бастааст. Ва мисли мо даҳҳо мошин дар инҷо қарор доранд ва боз дар марз ҳам онҳое, ки мунтазири боз шудани сарҳад ҳастанд, зиёд мебошанд",-афзуд ин ронандаи тоҷик.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, соҳибони мошинҳо метавонанд аз ду роҳи алтернативии дигар истифода кунанд. Ин роҳҳо ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тариқи Ҳироти Афғонистон ва бандари Озарбойҷон мебошад. Аммо ба гуфтаи соҳибкорон, ин ду масир барои боркашонӣ тӯлонӣ мебошад ва хароҷоти он зиёд аст.

Бори аввал нест, ки Туркманистон бе ягон шарҳи расмӣ гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз қаламраваш манъ мекунад. Аз ҷумла, мақомоти Туркманистон аз охири моҳи августи соли гузашта ба мошинҳои Тоҷикистон иҷоза надод, аз қаламрави Эрон вориди кишварашон шаванд. Гурӯҳе аз ронандагон он вақт гуфта буданд, дар марзи Туркманистон ва Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ ҳаст.

Ин роҳбандии мақомоти туркман дар роҳи мошинҳои боркаши Тоҷикистон бештар аз як моҳ идома кард. Дар ин муддат мақомоти Ашқобод ҳеҷ шарҳи возеҳе дар бораи манъи вуруди мошинҳо ва қаторҳои Тоҷикистон ба қаламраваш надод.

Охири моҳи август ва аввали сентябри соли гузашта дар маҷмӯъ танҳо дар гузаргоҳи Лутфобод-Ортиқ 100 мошин дармонда буд. Ин мошинҳо асосан молу маҳсулотро аз Туркияву Эрон меоранд ва аз хоки Эрон ба Туркманистон гузашта, сипас ба Тоҷикистон меоянд.

Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки соли гузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос мешуд. Ин ду кишвар ҳарчанд барои якдигар шарики стратегӣ ба ҳисоб мераванд, вале ҳаҷми тиҷораташон ночиз аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Маҳбуси собиқ кумакпулӣ дарёфт кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:00 0:00
XS
SM
MD
LG