Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон 10 ронандаи тоҷикро ҷарима баст ва ихроҷ кард


Мақомоти Туркманистон 10 нафар ронандаи тоҷикро, ки бо мошинҳояшон дар истгоҳи Фароб дармонда буданд, нахуст ҷарима кард ва баъдан аз қаламрави он кишвар ихроҷ намуд.

Бо гузашти 16 рӯз аз маъракаи роҳбандони эълоннашудаи Туркманистон, мақомоти Тоҷикистон мегӯнд, ҳанӯз ҳам аз ҳамтоёни худ шарҳе дар ин бора нагирифтаанд.

Ҳадди ақал чор нафар аз аз рондагони тоҷик, ки бо мошинҳояшон дар гузаргоҳи Сарахс дар марзи Эрону Туркманистон интизори иҷозати вуруд ба ин кишвар ҳастанд, аз ихроҷ шудани ҳамтоёни худ аз истгоҳи Фароби ин кишвар хабар доданд.

Мошинҳои боркашоне, ки ба Тоҷикистон бор меоранд тақрибан 600 километр роҳҳои Туркманистонро мегузаранд ва ин масир наздиктарин роҳ барои боркашонӣ аз Туркия, Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Араб аст.

Сайдалӣ Худойбердиев, ронандаи тоҷик, ки рӯзи 20-уми феврал аз истгоҳи Сарахс бо Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд, гуфт, ҳамтоёнашон дар истгоҳи Фароб, ки дар қаламрави Туркманистон дар наздикии марзи Узбекистон қарор дорад, дирӯз ба онҳо гуфтанд, онҳоро депортатсия карданд.

"Мувофиқи қонуни Туркманистон мо ҳақ дорем, ки то 5 рӯз дар қаламрави ин кишвар бошем. Чун онҳоро гузаштан намонданд, мӯҳлати онҳо гузашт. Акнун мақомоти Туркманистон ҳар яке онҳоро 300-долларӣ ҷарима баста, депоратсия карданд, вале мошинҳояшон дар Фароб банд аст",-иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ронандагони тоҷик, Туркманистон барои ҳар рӯзи бештар аз муҳлат боқӣ мондани ронанда, 10 доллар ва мошини боркашон 20 доллар ҷарима меситонанд. Ронандагони тоҷик аз ду гузаргоҳи Эрону Туркманистон -- Лутфообод ва Сарахс гуфтанд, намояндагони сафорати Тоҷикистон ба назди ронандагон ба Фароб рафтанд, аммо назди онҳо наомадаанд ва касе аз шахсони расмӣ сабабҳои вазъи баамаломадаро ба онҳо шарҳ надодааст.

Мақомот: "Таҳаввулотро аз наздик назорат дорем"

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, вазъиятро аз наздик назорат доранд ва аз ин таҳаваллуоти баамаломада воқиф ҳастанд, вале то ба ҳол аз ҳамтоёни худ дар Туркманистон посухи расмӣ нагирифтанд.

Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Фарида Ёқубзода, роҳбари раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои ҳалли ин масъала талош меварзанд, "аммо то ба ҳол аз Туркманистон ягон посухи расмӣ нагирифтаанд". Ба гуфтаи ӯ, дар Туркманистон айни замон ҳудуди 40 мошини боркашон ва беш аз 100 вагони Тоҷикистон дармондааст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз мушкилоти ронандагони тоҷик воқиф ҳастанд ва иттилоъ дар мавриди охирин таҳаввулотро ба Вазорати корҳои хориҷӣ мефиристанд. Аммо талошҳои ба такрори Радиои Озодӣ барои гирифтани иттилоъ аз хадамоти матбуоти ин вазорат, бенитҷа буд.

"Зарба" ба "Талко"

Маъракаи роҳбандони бароҳандохтаи Туркманистон алайҳи Тоҷикистон барои кори мӯътадили бузургтарин корхонаи саноатӣ - "Талко" метавонад зарба занад. Чун қисме аз ашёи хоми зарурӣ барои тавлиди алюминий дар вагонҳои боркашон дар ин кишвар дармондаст.

Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати "Талко"
Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати "Талко"

Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати "Талко" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон дар қатори дигар вагонҳои боркашони дармонда дар Туркманистон, 24 вагони марбут ба ин ширкат низ ҳаст. Ӯ гуфт, "дар он ҷо ҳоло 20 вагон кокс ва 4 вагон криолит истодаанд. Мо аз Туркманистон кокс харидорӣ кардаем ва танҳо замоне онро оварда метавонем, ки ин кишвар иҷозат диҳад. Ин вагонҳо 16 рӯ боз истодаанд".

Сатторов афзуд, "Талко" барои хариди 40 ҳазор тонна кокс аз Туркманистон шартнома бастааст ва то ба ҳол 14,5 ҳазор тоннаи он ворид шудааст. Игор Сатторов мушаххасан нагуфт, ки то чӣ муддате кокси дар анборҳои корхона захирашуда барои фаъолияти он кофӣ аст. Ӯ афзуд, маъмурияти корхона умедвор аст, ки мушкили убуру мурури вагону мошинҳои боркашон миёни Тоҷикистону Туркманистон то замони тамом шудан захираи кокс, ҳал мешавад.

"Пас аз 20 рӯзи интизорӣ роҳи Афғонистонро пеш гирифтем"

Дар ҳамин ҳол, маъмурияти бархе аз ширкатҳои боркашони Тоҷикистон пас аз интизории 20-рӯза тасмим гирифтаанд бо вуҷуди набуди амният, тавассути қаламрави Афғонистон борҳояшонро ба Тоҷикистон расонанд.

Самариддин Шарифов, ронандаи мошини боркашони як ширкати боркашонии Тоҷикистон, ки аз Амороти Муттаҳидаи Араб молу маҳсулоти сохтмонӣ ва ашёи рӯзгор меорад, аз назди гузаргоҳи Сарахс дар марзи Эрон бо Туркманистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз 1-уми феврал инак 20 рӯз бо мунтазири иҷозаи гузар ҳастанд.

Ронандагон ҳоло маҷбуранд борҳои худро тариқи Афғонистон биоранд.
Ронандагон ҳоло маҷбуранд борҳои худро тариқи Афғонистон биоранд.

"Лекин то ба ҳол иҷозат нашуд ва маъмурияти ширкати мо тасмим гирифт, ки ба самти Афғонистон ҳаракат кунем"- гуфт ӯ. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, аз гузаргоҳи Сарахс то ба марзи Афғонистон - вилояти Ҳирот 500 километр роҳ аст ва онҳо субҳи имрӯз ба самти марзи Афғонистон ҳаракат мекунанд.

"Мошинҳоро то сарҳад мебарему худ тариқи ҳавопаймо ба Тоҷикистон меравем. Чун дар Афғонистон амният нест, ронандагони афғон мошинҳоро то ба гузаргоҳи Бандари Шерхон меоранд ва мо аз он ҷо боз мошинҳоро мегирем",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

"Рашк"-и Ишқобод?

Ин бори аввал нест, ки Туркманистон бидуни огоҳӣ ва сабаби возеҳу рӯшане роҳҳояшро ба рӯи мошинҳо ва қатораҳои боракашони Тоҷикистон мебандад. Моҳи августи соли гузашта низ бо айни ҳамин шева Туркманистон монеи равуои мошинҳои боркашони Тоҷикистон шуда буд ва баъди як моҳ бидуни ҳеҷ шарҳи расмӣ онро боз кард.

Як дипломати тоҷик, ки собиқаи кор дар ин кишварро дорад, мегӯяд, оддитарин масъала дар ин кишвари бастаи посошӯравӣ, танҳо бо иҷозаи як нафар ва он ҳам президент ҳал мешавад.

"Барои ин кишвар на созишнома, қарордод ва на қонунҳои қабул кардаи худаш ва ҳатто конститутсия ҳеҷ арзише надорад. Ҳар чизеро, ки президент салоҳ бинад, ҳамон мешавад. Мансабдорон, вазирон ва мақомдорони баландпоя ҷуръати занг задан ба президенту арз кардани мушкилро надоранд",- гуфт ӯ.

Дар мавриди решаи ранҷиши эҳтимолии Туркманистон ҳамсӯҳбати мо ба хуб шудани муносибати Тоҷикистону Узбекистон ишора кард, ки метавонад як навъ "рашк"-и ин кишварро ба бор оварда бошад.

"Аммо Туркманистон кишварест, ки ҳама чиз аз иродаи як шахс вобаста аст, қонун, қарордод, ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аҳамият надорад. Ҳама чиз вобастаи он аст, ки президент ин субҳ бо кадом табъ аз хоб мехезад. Вагарна равуои мошинҳои боркашонӣ ин кишвар сирф ба фоидаи ин кишвар аст, боҷ ситонида мешавад ва роҳаш низ чандон тӯлонӣ нест, тақрибан дар давоми 2 соат мошинҳо метавонанд роҳро тай кунанд",-гуфт дипломати собиқадори тоҷик.

Як фарзияи дигар...

Аммо коршиносон бар замми ин, фарзия дигареро низ пешниҳод мекунанд, ки метавонад мояи нигаронии Ашқобод шуда бошад. Фаррух Юсуфӣ, роҳбари бахши туркмании Радиои Озодӣ, гуфт, чунин рафтори Туркманистон ғайримунтазира нест ва сабаби ранҷиши Ашқобод низ метавонад гуногун бошад. Юсуфӣ мегӯяд, дар рафтори Туркманистон намешавад, ягон мантиқ ҷустуҷӯ кард, чунки мантиқ надорад.

Ӯ гуфт, "танҳо мешавад ҳадс зад, Туркманистон айни ҳол ҳар чӣ бештар дар инзиво қарор мегирад. Ахиран Иттиҳодияи Аврупо парвози ҳавопаймоҳои ширкати давлатии ин кишварро ба қаламраваш манъ кард. Бинобар ин, кишвар зери фишор аст ва ба сохтмони роҳи оҳани Афғонистон Тоҷикистон умеди зиёде дошт. Қисмати роҳро низ сохт, вале Тоҷикистон дар сохтмони ин роҳ ҳоло чандон майл нишон намедиҳад, чун бо Узбекистон муносибаташ хуб шуд. Эҳтимол сабаби ранҷиши Ашқобод ин аст".

Мошинҳои боркашоне, ки ба Тоҷикистон бор меоранд, тақрибан 600 километр роҳҳои Туркманистонро мегузаранд ва ин масир наздиктарин роҳ барои боркашонӣ аз Туркия, Эрон ва Имороти Мутаҳиддаи Араб аст.

XS
SM
MD
LG