Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тоҷикистон аз таҳаммулгароии динӣ дар Иморот гуфт


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз амалкардҳои Имороти Муттаҳидаи Араб дар таҳаммулгароии динӣ, қадрдонӣ кардааст.

Тибқи иттилои Хабаргузории расми Имороти Муттаҳидаи Араб, Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳошияи Нишасти 24-уми Академияи Байналмилалии Фиқҳи Исломӣ, ки дар шаҳри Дубай баргузор шуд, аз суннати раҳбарияти ин кишвари арабӣ дар таҳаммули мазҳабӣ нисбат ба ғайримусалмонон, истиқбол кардааст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Саидмукаррам Абдулқодирзода фаъолиятҳо Идораи умури исломӣ ва умури хайриявии Дубайро дар ин росто низ муассир донистааст. Ӯ таъкид кардааст, ки ин ҳамоиш мавзӯъҳои муҳим барои ҷаҳони ислом, аз ҷумла умури молӣ, ғизоӣ ва илмиро баҳсу баррасӣ мекунад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон мебошад ва 25 аъзо дорад

Дар солҳои гузашта бархе тасмимҳо, аз ҷумла, "хилофи шариати ислом" донистани пайравӣ аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ, ҷонибдорӣ аз манъи рафтани ноболиғон ба масоҷид, фатвои манъи рафтани занон ба масҷидҳо, фатвои хӯрдани рӯза барои кормандони "иншоотҳои муҳим" ва барвақттар ё дертар эълон кардани замони таҷлил аз идҳои исломӣ назар ба бештари кишварҳои исломӣ, аз иқдомоти ин Шӯро буд, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд.

XS
SM
MD
LG