Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ ба самти тазоҳургарон дар Бағдод


Ироқиҳо тобутҳои тазоҳургаронеро мебаранд, ки бино ба гузоришҳо дар назди консулгарии Эрон дар Карбало кушта шудаанд
Ироқиҳо тобутҳои тазоҳургаронеро мебаранд, ки бино ба гузоришҳо дар назди консулгарии Эрон дар Карбало кушта шудаанд

Чанд соат баъд аз куштани чаҳор тазоҳургар дар назди консулгарии Эрон дар шаҳри Карбало, нерӯҳои амниятӣ дар Ироқ ба самти тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Бағдод тир андохтаанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва мақомоти амниятӣ, дар натиҷаи тирандозӣ дар назди қароргоҳҳои телевизионҳои давлатӣ 12 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бори аввал нест, ки дар рӯзҳои гузашта тазоҳуроти зиддидавлатӣ ба хунрезӣ мекашад. Тазоҳургарон ҳукуматро ба фасодкорӣ ва қавмгароӣ муттаҳам мекунанд. Баъди шуруи дигарбораи тазоҳурот дар рӯзи 24-уми октябр бори аввал аст, ки маъмурони амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз аслиҳа истифода мебаранд.

Дар тазоҳуроти пешина мақомоти интизомиро ба истифодаи “нерӯи беш аз ҳад” муттаҳам карданд. Рӯзи 4-уми ноябр тазоҳургарон дар Карбало ба консулгарии Эрон ҳамла карда ва самти он бомбҳои худсохт андохтанд. Онҳо бо танқиди мақомоти ироқӣ Эронро ҳам ба мудохила ба умури кишварашон муттаҳам карданд. Кумиссиёни олии ҳуқуқи инсони Ироқ гузориш дод, ки дар натиҷаи бархӯрди тазоҳургарон ва маъмурони пулис дар рӯзи 4-уми ноябр чаҳор нафар кушта ва 12 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG