Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо оғоз шуд


Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр ба Аврупо сафар кардааст. Ҷое, ки дар чаҳор соли гузашта садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба далели, ба гуфтаи онҳо, сиёсӣ паноҳҷӯ шудаанд.

Мақомот гуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ аввал ба Швейтсария ва сипас ба Фаронса меравад. Ҷузъиёти барномаи сафар маълум нест.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, раиси ҷумҳурро ёвараш дар умури равобити хориҷӣ, вазирони иқтисоду молия, энергетика ва захираҳои обу саноат, раисони Кумитаи сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ ва Бонки Миллӣ ҳамроҳӣ доранд.

Президенти Тоҷикистон соли 2016 ба Ҷумҳурии Чех ва Маҷористон, ду кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рафта буд.

Он замон дар остонаи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президент Милош Земан гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар назди кохи раёсати ҷумҳурии Чех тазоҳурот ва қабули ӯ дар як кишвари аврупоӣ интиқод карданд.

Ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо чанд узви Порлумони Аврупо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро аз шарикони муҳими Душанбе хонд. Иттиҳоди Аврупо тобистони имсол стратегияи нави худро барои Осиёи Марказӣ қабул кард, ки кумакҳо ба Тоҷикистон низ дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG