Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди сенария ё тартиби ягонаи баргузории тӯй дар Узбекистон


Муовини вазири фарҳанги Узбекистон Камола Оқилова пешниҳод кардааст, дар кишвараш сенария ё тартиби ягонаи баргузории тӯю маъракаҳо таҳия карда шавад, ки арзишҳои миллӣ ва ҷанбаҳои замонавиро дошта бошад.

Ба гуфтаи Оқилова, Идораи рушди муассисаҳои консертиву фароғатии Вазорати фарҳанги Узбекистон ва Узбекконсерт аллакай таҳияи қоидаи баргузории тӯйҳоро оғоз кардаанд.

"Мушкили рақами як чист? Бояд арзишҳои миллӣ ва таърихӣ ҳифз шаванд. Дувум бояд ҳамқадами замона буд. Ҳангоми даъвати сарояндаҳо бояд ба чӣ тамаркуз кард? Бояд бо ҷалби донишмандон дар бораи ойини тӯйҳо пажӯҳиш гузаронда, ба мардум нишон дод, ки чӣ гуна метавон тӯйҳои зебо баргузор кард", -- афзуд ӯ.

Порлумони Узбекистон рӯзи 14-уми сентябри имсол қонун “Дар бораи танзими тӯй, маросими хонаводагӣ, ҷашнҳо, маросими азодорӣ”-ро ба тасвиб расонд.

Бар асоси ин қарор, маросими хонаводагӣ танҳо як рӯз - аз соати 6-и субҳ то 11-и шаб иҷозат дода мешавад. Ин тартибот ба маросими гӯру чӯб дахл надорад. Ба ҷуз ин, шӯрои ноҳиявӣ ва шаҳрии вакилони халқӣ метавонанд, муҳлати баргузории маросимро танзим кунанд.

XS
SM
MD
LG