Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамҷинсгарои туркман баъди даъват ба идораи пулис бедарак шуд


Қосимбердӣ Гараев
Қосимбердӣ Гараев

Қосимбердӣ Гараеви 24-сола, ҳамҷинсгаро, ки нахустин шуда дар бораи таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеаи Туркманистон нисбат ба ин гуруҳ бо расонаҳо ошкоро суҳбат кард, пас аз даъват ба идораи пулис бедарак шуд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, эҳтимол дорад, Гараев боздошт шуда бошад. Дар Туркманистон ҳанӯз ҳам барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Гараев 24-уми октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд. Дар матлаб номи Гараев иваз ва танҳо синнаш зикр гашта буд. Баъд аз даъвати Гараев ба идораи пулис тамосҳо бо ӯ қатъ шуданд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, пас аз нашри матлаби мазкур кормандони хадамоти махсуси Туркманистон барои пайдо кардани мусоҳиб тамоми табибони ҷавонеро, ки ҳамсоли Гараев ҳастанд, тафтиш кардаанд.

Гараев дар суҳбат бо радио гуфт, бо вуҷуди фаъолияти амакаш дар хадамоти муҳофизати президенти Туркманистон зери фишор аст. Ба гуфтаи Гараев, ӯ баъд аз таҳсил дар Беларус ба ватан баргашта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуд ва дертар маълум гашт, ки ба доми кормандони пулис афтидааст. Агар ӯро падару амакаш наҷот намедоданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуд.

Худи ҷавон 13-уми октябри имсол ба пайвандону наздиконаш муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

XS
SM
MD
LG