Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгрессменҳо тартиби изҳори нобоварӣ ба Трампро қабул карданд


Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА ба ҷонибдорӣ аз тартиби раванди изҳори нобоварӣ ба президенти 45-уми ин кишвар Доналд Трамп раъй дод. Қатъномаро аз 431 вакил 232 нафар ҷонибдорӣ карданд.

Тафтиши порлумонӣ зидди Трамп 24 сентябри соли равон оғоз шуд. Санади қабулшуда пешбинӣ мекунад, ки президенти ИМА ва мухолифони изҳори нобоварӣ ба ӯ дар Конгресс чи ҳуқуқ доранд.

Аъзои Маҷлиси намояндагон 31 октябр на ба барканории Трамп, балки барои таъйини қоидаи гузаронидани тафтишоте раъй доданд, ки эҳтимол аст, бо барканории президент анҷомад. Конститутсияи ИМА ба Конгресс иҷозат медиҳад, ки президентро "барканор" кунад, вале дар он дақиқ гуфта нашудааст, ки ин кор бояд чи гуна анҷом шавад. Демократҳо барои изҳори нобоварӣ ба Трамп нақшаеро пешниҳод карданд, ки ба раванди изҳори нобоварӣ ба президенти 42-ум Билл Клинтон монанд аст.

Демократҳо, ки аксариятро дар Маҷлиси намояндагон ташкил медиҳанд, Трампро ба баромадан аз салоҳиятҳои худ, кӯшиши истифодаи раҳбари кишвари хориҷӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ айбдор мекунанд. Ин айбҳоро кумитаҳои ҳуқуқ ва иктишофии порлумон тафтиш мекунанд.

Дар қатънома қоидаи гузаронидани ҷаласаҳои боз ва даъвати шоҳидон муфассал гуфта шудааст. Кумитаи иктишофии Маҷлиси намояндагони ИМА барои Кумитаи ҳуқуқ гузориш омода мекунад ва дувумӣ дар навбати худ қарор хоҳад кард, ки айбҳо бояд бар асоси кадом бандҳо эълом шаванд. Сипас айбҳо барои раъйгирӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд ва дар сурати ҷонибдорӣ ёфтан он ба Сенат, ки дар он аксариятро ҷумҳурихоҳон ташкил медиҳанд, фиристода мешавад. Аз 100 сенат бояд дасти кам 67 кас ҷонибдорӣ кунанд.​

Кохи Cафед пас аз раъйгирии Маҷлиси Намояндагон изҳороти расмӣ нашр ва онро танқид кард. "Президент кори баде накардааст ва демократҳо инро хуб медонанд. Раиси маҷлис Нэнсӣ Пелосӣ ва демократҳо бо ин изҳори нобоварии ғайриқонунӣ на ба Трамп, балки ба мардуми Амрико осеб мерасонанд",-афзудааст Кохи Сафед.

XS
SM
MD
LG