Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари НАТО аз Русия хост, ки пуштибонии ҷудоиталабони украиниро хотима диҳад


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Русия тақозо кард, ки пуштибонии ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро хотима дода, ҳамаи нирӯҳои русро аз хоки Украина берун кунад. Зимни суханрониаш дар нишасти хабарии Киев рӯзи 31 октябр, ки баъди дидору гуфтугӯҳо бо президенти Украина Владимир Зеленский барпо шуд, Столтенберг инчунин гуфт, ки Маскав бояд се киштии баҳрии украиниро, ки ноябри порсол дар гарданаи Керчи соҳилҳои нимҷазираи Қрим ба ҳабс гирифта буд, баргардонад. “НАТО истиқлолият ва тамомияти арзии Украинро пуштибонӣ мекунад ва ғасби Қрим аз ҷониби Русияро эътироф намекунад”, гуфт Столтенберг. Ӯ инчунин гуфт, ки “Русия бояд пуштибонии ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро хотима диҳад... Русия бояд артиш ва муҳимоти худро аз қаламрави Украина берун кашад”.

Столтенберг, ки баъди анҷоми ҷаласаи комиссиюни Украинаву НАТО дар паҳлӯи Зеленский истода сӯҳбат мекард, гуфт, ки нақшаи НАТО афзоиши кӯмак ба Украина дар анҷоми машқҳои низомиаш дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ мебошад. Русия мегӯяд, замоне, ки киштиҳо дар обҳои Баҳри Сиёҳ ҳабс шуданд, дар ҳудудҳои баҳрии Русия қарор доштанд. Вале ин иддаоро додгоҳи байналмилалии қонунҳои баҳрӣ, воқеъ дар Ҳамбург рад кардааст.

XS
SM
MD
LG