Буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда дар ҳаҷми 26,4 миллиард сомонӣ (муодили беш аз 2 милларду 600 миллион доллар) муқаррар шуд. Дафтари матбуотии Президент мегӯяд, ин масъала рӯзи 31-уми октябр дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, қисми даромади буҷа барои соли оянда 26,1 миллард сомонӣ ва қисми хароҷоти он бошад 26,4 миллиард сомонӣ мебошад.
Ба ин тартиб каср ё камомади буҷет барои соли оянда 0,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё қариб 350 миллон сомонӣ муқаррар шудааст. То чанд соли пеш касри буҷаи давлатии Тоҷикистон бо кумаки ниҳодҳои байнулмилалӣ пушонда мешуд, вале ду соли охир ин таҷриба ба назар нарасидааст.
Мақомот мегӯянд, буҷаи Тоҷикистон соли оянда ҳам моҳияти иҷтимоӣ дошта, наздики 45 дарсади пули он ба бахши маориф равона карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта моҳияти иҷтимоии буҷаи Тоҷикистон борҳо бо назардошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ зери суол бурда шудааст.
Мақомот ҷузъиёти бештари тарҳи буҷет барои соли ояндаро эълон накардаанд. Дар назар аст, ки моҳи оянда Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон тарҳи буҷаро тасдиқ кунад. Дар Тоҷикистон тарҳи тасдиқшудаи буҷа ба нашр расонда намешавад.