Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду фирории Шинҷон дар Қазоқистон мақоми паноҳандагӣ гирифтанд


Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ, ду қазоқтабори фирории Шинҷони Чин, ки дар Қазоқистон бо гумони убури ғайриқонунии марз дар боздошт ҳастанд, ҳамакнун соҳиби ҳуҷҷати паноҳандагии Қазоқистон шуданд. Дар ин бора вакили мудофеи онҳо Бауирҷон Азанов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон рӯзи 30-юми октябр ба онҳо чунин ҳуҷҷатро таслим кардааст.

Мусохонулӣ ва Олимулӣ, ки ибтидои моҳи октябр дар бораи фирорашон аз Чин хабар доданд, боздошт шуда ва айни ҳол дар боздоштгоҳи шаҳри Уст-Каменагори Қазоқистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулӣ пештар аз ин бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба далели таъқиби мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, фирор кунанд.

Мусохон ва Алимулӣ дар нимаи аввали рӯзи 14-уми октябр нишасти матбуотӣ баргузор карда буданд. Ба гуфтаашон, хонаводаи онҳо дар Чин мондаанд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1-уми октябр марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6-уми октябр муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

XS
SM
MD
LG