Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттафиқони ИМА дар Халиҷ 25 сохтори эрониро таҳрим карданд


Шаш муттафиқи ИМА дар Халиҷи Форс аз ИМА пайравӣ карда, нисбати 25 сохтори марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, аз ҷумла, нисбати ба истилоҳ агенти минтақавии Эрон – гурӯҳи ҷангиёни Ҳизбуллоҳи Лубнон таҳрим ҷорӣ карданд. Вазорати молияи ИМА рӯзи 30 октябр гуфт, ки таҳримҳо аз ҷониби Маркази зидди маблағгузориҳои терроризми воқеъ дар Риёз ҷорӣ шудааст. Ин марказ соли 2017 таъсис шуда, ба узвияти он ИМА, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб шомил ҳастанд. Дар гузашта ин 25 сохторро вазорати молияи ИМА ҳам таҳрим карда буд. Стивен Мнучин, вазири молияи ИМА гуфт, ки ин иқдом мавқеи воҳиди кишварҳои Халиҷ ва ИМА-ро намоиш медиҳад ва паёмаш ин аст, ки ба Эрон иҷоза нест, ки фаъолиятҳои харобкоронаашро дар минтақа идома бидиҳад.

XS
SM
MD
LG