Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди HRW аз рейдҳои хушунатомези афғонҳо бо пуштибонии CIA


Муҳаммад Маликзода ба акси чаҳор бародаре ишора мекунад, ки дар рейдҳои шабонаи сарбозони афғон кушта шудааст. Тибқи иддаоҳо, ин рейдҳоро гурӯҳҳое анҷом додаанд, ки аз ҷониби CIA пуштибонӣ мешаванд. Ҷалолобод, 1 октябри соли 2019
Муҳаммад Маликзода ба акси чаҳор бародаре ишора мекунад, ки дар рейдҳои шабонаи сарбозони афғон кушта шудааст. Тибқи иддаоҳо, ин рейдҳоро гурӯҳҳое анҷом додаанд, ки аз ҷониби CIA пуштибонӣ мешаванд. Ҷалолобод, 1 октябри соли 2019

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch гуфт, нирӯҳои ниманизомии афғон, ки аз ҷониби Оҷонсии марказии истихборот пуштибонӣ мебинанд, дар рейдҳои шабона ба қатли мардуми мулкӣ ва нопадидшавии гумонбарон даст мезананд. Гузориши созмон, ки 31 октябр нашр шуд, мегӯяд, Human Rights Watch 14 ҳодисаро ба қайд гирифтааст, ки аз охири соли 2017 то миёнаҳои соли 2019 рух дода, дар он ба истилоҳ “гурӯҳҳои зарбазан”даст ба рейдҳои хеле пурхушунат задаанд. Яке аз онҳо дар вилояти ҷанубушарқии Пактиё рух дод ва дар натиҷаи он 11 мард кушта шуд. 8 нафари онҳо дар хона ба муносибати ид таътил доштанд. Дар бархе ҳолатҳо ин гурӯҳҳо мардонро боздошт карда ба хонаводаҳояшон нагуфтанд, ки афроди дастгиршуда дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд.

Масъулини Оҷонсии марказии истихбороти ИМА бо далелҳои дар ин гузориш овардашуда розӣ нестанд. Дар як изҳороте онҳо гуфтанд, ки “бисёр иддаоҳои дар ин гузориш овардашуда бар зидди нирӯҳои вижаи Афғонистон “бештар дурӯғин ва воҳимабарангез” ҳастанд. Патрисиа Гроссман, муаллифи ин гузориш ва яке аз раҳбарони бахши Осиёии HRW гуфт, ки “дар амалиёти зидди Толибон, Оҷонсии марказии истихборот ба нирӯҳои афғон иҷоза додааст, ки даст ба худсарӣ, аз ҷумла, кушторҳои ғайриқонунӣ ва нопадидшавиҳо зананд”. Гроссман афзуд, ки “дар ҳодисаҳои батакрор ин нирӯҳо хеле содда ба сӯи одамон тир кушода, тамоми ҷомеаро дар ҳолати тарс аз рейдаҳои шабона қарор медиҳанд”. Сухангӯи Оҷонсии истихборот Тимоти Барретт гуфт, ки фаъолияти ин оҷонсӣ дар хориҷа бар асоси “қонун ва таҳти системаи назорати ҷиддӣ” ба роҳ монда шудааст. Барретт Толибонро дар паҳн кардани иттилоти дур аз воқеият гунаҳгор кард ва гуфт, ки ин ҷангиён аслан бидуни қоидаву қонун амал мекунанд. “Ба фарқ аз Толибон, ИМА ба қонун пойбанд аст”, гуфтааст Оҷонсии марказии истихборот дар изҳороти расмӣ.

XS
SM
MD
LG