Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманҳо бо маҳдудияти интиқоли манат ба хориҷ рӯ ба рӯ ҳастанд


Сокинони Туркманистон бо маҳдудияти берун бурдани манат аз ҳудуди кишварашон рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз Туркманистон хабар дод.

"Дар фурудгоҳи шаҳри Ишқободи Туркманистон на танҳо аз мавҷудияти доллари ИМА, балки манати туркманӣ ҳам мепурсанд. Як донишҷӯ гуфт, ки ҳангоми убури марз 800 манат бо худ дошт. Аз вай талаб карданд, ки пулҳояшро монад, донишҷӯ гуфт, аз мағозаи дохили фурудгоҳ харид мекунад. Иҷозат доданд, ки бо худ дошта бошад. Донишҷӯи дигар 1000 манат дошт, ба вай иҷозат надоданд, ки ин маблағро бо худ барад", - гуфт хабарнигор рӯзи 30 октябр.

Хабарнигор мегӯяд, сокинон манатҳоро дар хориҷ аз кишвар бо доллар табодул мекунанд. "Наздики ним сол аст, ки манатҳоро ба Туркия бурда, онҷо бо доллар табодул мекунанд",-гуфт хабарнигор.

Дар Туркманистон расман иҷозат буд, ки сокинон ҳангоми убури марз бо худ то 10 ҳазор доллар дошта бошанд. Тобистон соли 2018 мақомоти Туркманистон ҳаҷми маблағи нақдро ба 3 ҳазор доллар расониданд. Аммо дар бораи маҳдудияти ба хориҷ бурдани манат дар манбаъҳои расмӣ хабаре мавҷуд нест.

Ин дар ҳолест ки дар Туркманистон табодули манат бо асъори хориҷӣ расман манъ аст.

XS
SM
MD
LG