Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД-и Қирғизистон робитаи мақомот бо олами ҷиноиро рад мекунад


Муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Мирлан Каниметов гуфт, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар мақомот ва ниҳодҳои ҳифзи қонун бо намояндагони олами ҷиноӣ робита надоранд.

"Ман ба он розӣ нестам, ки мегӯянд, намояндагони олами ҷиноӣ бо мақомот ва сиёсатмадорон робита доранд. Онҳо дар соли 2007, дар замони ҳукумати президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев робита доштанд. Дар тафтиши парвандаи пурсарусадои куштори мансабдор Метед Содирқулов иштирок доштам. Дар ниҳоят 27 намояндаи ниҳодҳои қудратӣ, ҳукумат ва олами ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Он замон муайян шуд, ки ҳукуматдорон бо олами ҷиноӣ робита доранд",-афзуд ӯ.

Мавзуи мубориза бо олами ҷиноӣ дар Қирғизистон пас аз куштори соҳибкори бишкекӣ Хуфур Абдураҳмон дар ибтидои моҳи октябри соли равон дубора доғ шуд. Боздоштшудагон гуфтанд, ки ҷасади ӯро дар куҷо дафн ва чаро мошинашро ранг карданд.

Куштор баҳсҳоеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овард. Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев аз соҳибкорони кишвараш даъват кард, ки мушкили худро бо намояндагони олами ҷиноӣ мустақилона ҳал накунанд ва ба пулис муроҷиат намоянд.

Вакили порлумони Қирғизистон Жанар Оқоев ҳукуматро барои пурзӯр шудани олами ҷиноӣ дар ин кишвар танқид карда, гуфт, ҳатто наметавонад тиҷоратро аз гуруҳҳои ҷиноӣ муҳофизат кунад. Дар натиҷа ба гуфтаи ӯ, соҳибкорон маҷбур мешаванд, кишварро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG