Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар ИМА ба нашри комили гузориши Мюллер иҷоза надод


Дар ИМА додгоҳи таҷдиди назар рӯзи сешанбе бо қабули қароре таслими гузориши таҳрирношудаи додситони махсуси пешин Роберт Мюллерро ба Палатаи намояндагон манъ кард.

Гузориши Мюллер аз дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 иборат аст.

Пештар аз ин додгоҳи зинаи поёнӣ қарор кард, ки ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп бояд то 30-юми октябр гузориши комили Мюллерро ба ихтиёри Палатаи намояндагон гузорад

Кохи сафед аз болои ин қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят бурд. Вазорати адлия аз додгоҳ хост, ки интиқоли гузоришро муваққатан нигаҳ дорад.

Вазорати адлия ба ин тартиб талош кард, ки монеи даст ёфтани демократҳо ба гузориши комили Мюллер шавад.

Моҳи марти соли ҷорӣ тими додситони кулли махсус Роберт Мюллер таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии ИМА ба поён расонд. Пажуҳиши дусола исбот кард, ки Маскав талоши таъсир расонидан ба ҷараёни интихоботи президентии ИМА-ро доштааст. Аммо пажуҳишгарон робитаи мустақими байни ситоди интихоботии Доналд Трамп ва Кремлро натавонистанд, ки пайдо кунанд. Маскав дахолаташро дар ҷараёни интихоботи ИМА рад мекунад.

XS
SM
MD
LG