Бахтиёр Усмонов, навраси 11-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар як ҳодиса ҳамсоли русашро аз дохили чоҳи оби ҷӯш наҷот дода буд, дар қатори 20 кӯдаки дигар барои қаҳрамониаш мукофотонида мешавад. Ҷоиза бо номи «Атфоли қаҳрамон» аз ҷониби Шӯрои федератсия ё палатаи болоии парлумони Русия вам ҳам Росгвардия таъсис шудааст.
Рустам Усмонов, падари Бахтиёр дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 30 октябр гуфт, ки ӯву писараш ҳоло дар Маскав мебошанд ва дар доираи барномаи қадрдонӣ аз кӯдаконе, ки корнамоӣ кардаанд, дар барномаҳои фарҳангӣ иштирок мекунанд. «Ҳоло дар Маскав ҳастем, моро музею дигар ҷойҳоро намоиш медиҳанд. Маросими тақдими ҷоиза бояд 1 ноябр баргузор шавад». Рустам Усмонов гуфт, ки сафари онҳоро мақомоти Росгвардия ташкил карданд. Ба гуфтаи падари тифли наврас, қаблан барои корнамоии Бахтиёр вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия сипоснома тақдим карда буд.
Бахтиёр Усмонов шаҳрванди Тоҷикистон буда, бо падараш, ки як муҳоҷири корӣ аст, дар Русия зиндагӣ ва дар синфи сеюми мактаби кадетии Хабаровск таҳсил мекунад.
27 маи соли ҷорӣ Бахтиёр Усмонов аз як кӯчаи хилвати шаҳри Хабаровск ҳамроҳ бо дӯсти русаш Слава мегузашт, ки ногаҳон дӯсташ ба чоҳи оби ҷӯш афтод. Бахтиёр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баъдан гуфт, ки ҳаяҷонзада нашу два тавонист дӯсташро, ки 40 дарсади баданаш сӯхта буд, аз дохили чоҳи оби ҷӯш берун оварад.
Бахтиёр Усмонов гуфт, ки баъдан бо кӯмаки як зани раҳгузар дар панҷ дақиқа табибон ҳам барои наҷоти кӯдак расида омаданд.
Хабари қадрдонӣ шудани як фарзанди муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле нашр мешавад, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҷомеаи Русия ба сабаби бархӯрди бештар манфии ҳукумат ва мақомдорони давлатӣ ба коргарони хориҷиву корҷӯёни ғайрирус, дар матбуоти ин кишвар ҳам симои муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирон аз Осиёи Марказиву Тоҷикистон бештар манфӣ талаққӣ мешавад.
Ҳодисаҳои корнамоиву азхудгузаштагии муҳоҷирон зиёд ба матбуот роҳ намеёбад ва ҳатто гоҳо ба манфиати шаҳрвандони Русия таҳриф мешавад.