Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба ду фирорӣ аз Чин санади паноҳандагӣ дод


Ба ду қазоқтабори фирорӣ аз Шинҷони Чин - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ, ки бо гумони барқасдона ғайриқонунӣ убур кардани марзи Қазоқистон боздошт шуда буданд, ҳуҷҷати тасдиқкунандае дода мешавад, ки дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ҳастанд. Дар ин бора Бауирҷон Азанов, вакили мудофеи фирориён хабар дод.

Азанов гуфт, интизор меравад, мақомот имрӯз - 29 октябр чунин ҳуҷҷатро ба онҳо бидиҳанд. "Ин ҳуҷҷати ибтидоӣ аст, ки дар асоси он мақоми паноҳанда дода хоҳад шуд", - гуфт Азанов дар суҳбат бо расонаҳо.

Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулӣ пештар аз ин бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба далели таъқиби мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, фирор кунанд.

Мусохон ва Алимулӣ дар нимаи аввали рӯзи 14 октябр нишасти матбуотӣ баргузор карда буданд. Ба гуфтаашон, хонаводаи онҳо дар Чин мондаанд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1 октябр марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябр муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

XS
SM
MD
LG