Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 муҳоҷири узбекро аз ғуломӣ дар Русия наҷот доданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон мегӯяд, 25 шаҳрванди ин кишвар аз асорати ғуломӣ дар вилояти Астрахани Русия наҷот дода шуданд. Муҳоҷирон бо кумаки консулгарии Узбекистон тавонистаанд ҳуҷҷатҳои худро аз соҳибкори маҳаллӣ бозпас гирифта, маошашонро низ дарёфт кунанд.

Ба огаҳии вазорат, консули Узбекистон Хоҷабахлил Асамов ва раиси ҷамъияти узбекон Баҳодур Аминов 24 октябр ба ноҳияи Харабалини Астрахан рафта, бо 25 муҳоҷире мулоқот карданд, ки корфармо шиносномаҳои онҳоро мусодира ва аз додани маошашон худдорӣ мекард.

"Дар натиҷаи гуфтугӯҳо ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони узбекистон баргардонида шуда, ҳамчунин маошашон пардохт гаштааст. Ҳамаи муҳоҷирон ба ватан фиристода шуданд",-афзудааст вазорат.

Намояндагони консулгарии узбекистон ҳамчунин аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Астрахан низ боздид кардаанд, ки дар он 50 шаҳрванди ин кишвар барои будубоши ғайриқонунӣ дар Русия нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG