Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Amnesty International барои озодии блогнависи узбек


Созмони ҳомии ҳуқуқ Amnesty International ё Афви байнулмилал маъракаи даъват ба озод кардани блогнависи узбек Нафосат Оллошукуроваро ба роҳ монд, ки як моҳ пеш ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ҷой дода шуд.

Дар изҳороти рӯзи 28 октябраш Афви байнулмилал гуфт, ки фаъолон ва ҷонибдорони ин созмон аз президент Шавкат Мирзиёев озодии билофосилаи Оллошукурова ва хатми муолиҷаи маҷбурии ӯро тақозо мекунанд.

Додгоҳе дар вилояти ғарбии Хоразм рӯзи 30 сентябр амр кард, ки Оллошукурова, модари ду тифли ноболиғ дар беморхонаи минтақавии амрози рӯҳӣ ҷой дода шавад. Ин замоне буд, ки блогнавис барои ширкаташ дар як эътирози ғайрирасмӣ аз ҳукми блогнависи дигар Маҳмуд Раҷаб ба ҳабси даҳрӯзаи маъмурӣ маҳкум шуд.

Оллошукурова дар шабакаи Фейсбук саҳифае дорад, ки аз он 4 ҳазор нафар пайравӣ мекунанд ва дар навиштаҳои худ ӯ аз ҳуқуқи занон дифоъ ва аз кори мақомоти фасодкор интиқод мекунад. Падари ӯ Болтабой Оллошукуров чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, духтараш, ки муаллимаи забони англисӣ мебошад ва ҳеҷ гоҳ бемории рӯҳӣ надошт.

XS
SM
MD
LG