Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Узбекистон барои 200 кӯдак боғча месозад. Дар ин бора расонаҳои Узбекистон бо истинод ба як масъули дастгоҳи ҳукумати Фарғона Дилшодҷон Ҳоҷиматов иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи ӯ, боғча, ки бо харҷи 4 миллиард сӯм (420 ҳазор доллар) бунёд мешавад, моҳи сентябри соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад.
Миёни Тошканду Душанбе дар ҷараёни сафари давлатии президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон созишномае ба имзо расид, ки бар асоси он, Узбекистон дар Тоҷикистон мактабу беморхонаи бисёрсоҳагӣ ва Тоҷикистон дар Узбекистон боғча бунёд хоҳанд кард.