Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс аз се мақом хост, ки дар бораи амалкардҳои Трамп баёнот диҳанд


Таҳқиқоти Конгресси Амрико дар бораи эҳтимоли раъйи адами эътимод ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп ин ҳафта ба дохили Кохи Сафед тамаркуз мекунад. Се кумитаи Маҷлиси Намояндагони Амрико саъй доранд, се мақоми феълӣ ва собиқи Шӯрои Амнияти Миллӣ дар ҳузури онҳо ва бо додани савганд дар бораи амалкардҳои раиси ҷумҳур, баёнот бидиҳанд.

Яке аз муҳимтарин мақомҳо Тим Моррисон, мушовири аршади Доналд Трамп дар умури Русия ва Аврупо аст. Қарор аст, ӯ рӯзи 31-уми октябр дар паси дарҳои баста дар ҳузури вакилони мардумӣ сӯҳбат кунад. Тим Моррисон аввалин мақоми Кохи Сафед мешавад, ки дар ҷараёни таҳқиқоти амалкардҳои Доналд Трамп гузориш медиҳад, ки ӯ то куҷо аз мақомаш барои ҳадафҳои хусусӣ ва сиёсӣ сӯистифода кардааст.

Тим Моррисон ҳамчунин аз он мақомҳои расмӣ аст, ки зимни муколамаи телефонии Доналд Трамп бо Володимир Зеленкий, раиси ҷумҳури Украина дар рӯзи 25-уми июл, ҳузур доштааст. Дар ин муколама Доналд Трамп аз Зеленский хостааст, ки амалкардҳои Ҷо Байден, рақиби эҳтимолии Трамп дар интихоботи ояндаи раиси ҷумҳуриро тафтиш кунад.

Вилям Тейлор, як дипломати баландпояи Амрико дар Украина рӯзи 22-уми октябр зимни сӯҳбат бо вакилони мардумӣ гуфт, ки раиси ҷумҳур ихтисоси 400 миллион доллар кӯмаки низомӣ ба Украинаро ба таъхир андохта ва аз ӯ хостааст, барои таҳқиқи фаъолиятҳои Ҷо Байден мусоидат кунад.

XS
SM
MD
LG