Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо дар Бейрут


Иштирокдорони эътирозҳои зиддиҳукуматии Лубнон рӯзи якшанбе бо гирифтани дастҳои ҳамдигар дар роҳи мошингард занҷири зиндаеро ташкил карданд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, дарозии он аз ҷануби Лубнон ба шимол 171 километр буд.

Сокинони Лубнон рӯзи 11-ум аст, ки зидди сиёсатмадорони кунунии ин кишвар тазоҳурот ва онҳоро ба фасодкориву ба ҳам задани иқтисоди ин кишвар айбдор мекунанд. Лубнон пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1975-1990 бори нахуст аст, ки шоҳиди чунин эътирозҳо мешавад. Рӯзи якшанбе ҳаракат дар роҳҳои мошингард қатъ шуда буд.

Бонкҳои Лубнон гуфтанд, рӯзи аввали кории ҳафтаи равон - душанбе низ дарҳои худро боз намекунанд. Бонкҳо беш аз як ҳафта мешаванд, фаъолиятро қатъ кардаанд ва мактабу бештари корхонаҳо бастаанд.

Тазоҳуроти умумимиллӣ зидди институтҳои сиёсии Лубнон равона шудааст. Сокинони Лубнон сиёсатмадоронро ба он айбдор мекунанд, ки дороиҳои давлатиро ба нафъи худ истифода кардаанд. Ҳукумати Лубнон ахиран эълом кард, ки як қатор ислоҳотҳои фавриеро анҷом медиҳад, вале он мавҷи эътирозҳои зиддиҳукуматиро поин набурд.

XS
SM
MD
LG