Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Барселона бо талаби истиқлоли Каталония


Пулиси Испания рӯзи 26-уми октябр дар шаҳри Барселона, маркази Каталония, бо эътирозгароне даргир шуд, ки хоҳони истиқлоли ин минтақа ҳастанд.

Пеш аз ин ҷудоиталабон ба хотири боздошти раҳбарони Каталония даст ба эътироз зада буданд. Ин раҳбарон дар пайи нооромиҳои соли 2017 ва нақш доштан дар он дар боздошт ба сар мебаранд.

Силсилаи нави эътирозҳо дар Барселона, дувумин шаҳри бузурги Испания, рӯзи 14-уми октябр пас аз он оғоз шуд, ки Додситони кулли Испания дувоздаҳ нафар аз раҳбарони Каталонияро ба фитнаангезӣ ва ҷурмҳои дигар муттаҳам шинохт.

Садҳо норозӣ, ки аксари онҳо ҷавон ҳастанд, рӯзи шанбе дар назди идораи пулис дар Каталония ҷамъ омаданд.

Онҳо ба зидди нерӯҳои амниятӣ аввал аз гулӯлаҳои пластикӣ ва сипас сангу зарф истифода карданд. Пулис ҳам маҷбур шудааст, аз гулӯлаҳои сунъӣ кор гирад.

XS
SM
MD
LG