Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия мегӯяд, Туркия ба нерӯҳои он ҳамла кардааст


Нерӯҳои Туркия ва муттафиқони онҳо рӯзи панҷшанбе ба нерӯҳои ҳукуматии Сурия дар шимолушарқи ин кишвар ҳамла карда, чанд нафарро ба қатл расониданд. Хабаргузории давлатии Димишқ гуфт, инчунин нерӯҳои Туркия бо ҷангиёни курд вориди даргирӣ шуданд. Ин ҷангҳо хатари афзоиши хушунатҳоро бештар мекунад, чун гурӯҳҳои даргир ва бисёр вақт ба ҳам мухолиф, дар фикри тағйири макон мешаванд.

Дар чунин шароит нигарониҳо аз эҳтимоли тавсеаи задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва гурӯҳҳое афзоиш меёбад, ки аз ҷониби Туркия пуштибонӣ меёбанд. Ба гурӯҳи дуюм ҷангиёни шӯришии суриягӣ ва гурӯҳҳои ифротии мухолифи президент Башор Асад дохил мешаванд. Ҳамаи ҷонибҳо гуфтанд, ки оташбасро риоя мекунанд, чун дар паи иҷрои созиши Русияву Туркия ҳастанд. Вале тафриқа ва ё ихтилофи миёни нерӯҳо метавонад талошҳо барои барқарории амният дар марзро ба ҳам занад. ИМА дар оғози моҳи октябр аз берун кардани нерӯҳояш дар марз хабар дод ва Туркия ба амалиёти зидди ҷангиёни курд имкон пайдо кард.

Хабаргузории давлатии SANA-и Сурия гуфт, ки нерӯҳои Туркия ва ҳам ҷангиёни муттафиқи онҳо мавқеъҳои артиши Сурия дар беруни шаҳри Тал Тамрро ҳадаф қарор доданд. Дар хабар инчунин гуфта шуд, ки нерӯҳои суриягӣ ҳамлаи ҷавобӣ карданд ва нафароне кушта ва маҷрӯҳ шуданд, вале ҷузъиёти аз ин беш дар даст нест. Ҷудо аз ин, нерӯҳои демократии Сурия ба раҳбарии курдҳо гуфтанд, ки дар ҷанг бо артиши Туркия се узви ин гурӯҳ кушта шуд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки нерӯҳои суриягӣ, низомиёни Русия ва пулиси низомӣ дар 30-километрии марзҳои шимолушарқи Сурия мустақар шудаанд, ки ин тасмим бар асоси созиши рӯзи сешанбеи миёни Русия ва Туркия гирифта шудааст. Онҳо ба хотири замонати тарки макон кардани ҷангиёни курд ба ин ҷо омадаанд. Инчунин, Туркия ва Русия хати марзи Туркияву Сурияро муштарак назорат мекунанд.

Туркия мехоҳад, ки дар маркази қитъаи марзаш бо Сурия, ки баъди 9 октябр таҳти контроли худ даровардааст, назорати воҳид ва комил барпо кунад. Туркия мехост баъди аз минтақа берун шудани нерӯҳои ИМА, нерӯҳои курди муттафиқи амрикоиҳоро аз “макони амн”-и воқеъ дар сарҳад берун кунад.

Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳушдор дод, ки агар таҳдиди курдҳо ба Туркия идома ёбад, амалиёти низомии кишвараш бо “азми қавитар” аз сар гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Брюссел Марк Эспер, вазири дифои ИМА Туркияро интиқод кард, ки бо шурӯи амалиёти низомиаш дар Сурия бори дигар вазъи амниятӣ дар минтақаро таҳти хатар қарор дод. Ӯ гуфт, ки хатари аз даст додани дастовардҳои аз ҷониби ҷангиёни курди Сурия ва муттафиқонашон аз эътилофи зери назари ИМА ҳосилшуда ба вуҷуд меояд.

Дар ҳамин ҳол фармондеҳи нерӯҳои курд Мазлум Абдӣ гуфт, ки президент Трамп дар сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, нерӯҳои амрикоӣ “то замони идомаёбии ҳамкории онҳо бо нерӯҳои демократии Сурия дар ин ҷо боқӣ мемонанд”. Ӯ ба журналистон гуфт, ки нерӯҳои курд ва ИМА “масъалаи мавзеъгирии дубора дар бархе қаламравҳои шимолушарқи Сурия”-ро баррасӣ мекунанд.

Ҳамзамон Эрдуғон Абдиро “як террорист” номид ва тавассути телевизиони давлатии кишвараш гуфт, ки ИМА бояд Абдиро ба Туркия таслим кунад. Матбуоти Туркия мегӯяд, ки Анқара Абдиро масъули ҳамлаи соли 2008 дар ҷанубушарқи Туркия медонад, ки бо марги 17 сарбоз анҷомид.

Трамп гуфтааст, ки қисме аз нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия ба хотири кӯмак ба курдҳо дар назорат аз майдонҳои нафтӣ дар шарқи ин кишвар боқӣ мемонанд.

Курдҳо дар ҷанги зидди аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аксар майдонҳои нафтиро зери назорати худ дароварданд ва аз роҳи фурӯши он, ғолибан ба ҳукумати Сурия, харҷи худро дар минтақа таъмин мекунанд.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки нерӯҳои ИМА дар асл манбаъҳои нафтро “ҳимоят” намекунанд, балки дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои курд талош мекунанд, аз бозгашти “Давлати исломӣ” ҷилавгирӣ шавад.

Ҳамлаҳое, ки ахиран рух дод, дар ҳудуди деҳаи Козлия сабт шудааст. SANA гузориш дод, ҷангиёне, ки аз Туркия пуштибонӣ мебинанд, инчунин деҳаи Манаҷирро ба даст оварданд.

Сухангӯи нерӯҳои курд гуфт, ки ҷониби муқобил дар ҷанги зидди курдҳо дар ду деҳаи дигари наздик ба ин маҳал аз “силоҳи сангин” истифода кардааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG