Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи вазирони дифои НАТО дар пасманзари амалиёти Туркия дар сарҳади Сурия


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар мулоқот бо хабарнигорон эътироф кард, ки дар мавзӯи вазъ дар шимоли Сурия ва мавқеи аъзои НАТО ихтилофи назар вуҷуд дорад
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар мулоқот бо хабарнигорон эътироф кард, ки дар мавзӯи вазъ дар шимоли Сурия ва мавқеи аъзои НАТО ихтилофи назар вуҷуд дорад

Вазирони дифои НАТО рӯзи 24 октябр дар Брюссел барои ширкат дар як ҷаласаи дурӯза гирди ҳам меоянд ва зоҳиран шурӯи амалиёти Туркия дар шимолушарқи Сурия ба кори ин ҷаласа соя афкандааст. Амалиёти низомии Туркия, як кишвари узви НАТО-ро бархе аъзои дигари ин созмон маҳкум карда гуфтанд, нигарониҳо вуҷуд дорад, ки суботи минтақавӣ ба ҳам зада мешавад ва комёбиҳои то ҳол бадастомада дар муқобила бо гурӯҳи «Давлати Исломӣ» аз даст меравад.

23 октябр дар остонаи ин нишаст дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар мулоқот бо хабарнигорон эътироф кард, ки дар мавзӯи вазъ дар шимоли Сурия ва мавқеи аъзои НАТО ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Рӯзе аз ин пеш Маскаву Анқара ба созише даст ёфтанд, ки нирӯҳои курдро дур аз сарҳади Сурия бо Туркия нигоҳ доранд. Ин ҳолат боиси тамдиди оташбас дар минтақа шуд, ки бо ташаббуси Вашингтон ҷорӣ шуда буд. Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 23 октябр эълон кард, ки ИМА таҳримҳои болои Туркия ҷорикардааш бо сабаби шурӯи амалиёти зидди курдҳоро бекор мекунад. Анқара ҷангандаҳои Курди суриягиро террорист арзёбӣ мекунад.

Амалиёти Туркия баъди он шурӯъ шуд, ки Трамп бо як қарори худ дар оғози моҳи октябр гуфт, ки нирӯҳои ИМА аз минтақа берун кашида мешаванд.

ИМА ва Туркия дар ҷанги ҳаштсолаи шарҳрвандии Сурия аз нирӯҳои зиддиҳукуматии мухталиф пуштибонӣ кардаанд. Русия ва Эрон ба президенти Сурия Башор Асад кӯмаки ҳамаҷониба кардаанд.

Дар остонаи нишасти Брюссел Йенс Столтенберг гуфт, ки таҳаввулоти ахири Сурия зарурати билофосилаи дастёбӣ ба созиши сиёсиро аланӣ кардааст.




XS
SM
MD
LG