Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Сурия пулиси низомии бештар мефиристад


Хабаргузории "РИА Новости" бо истинод ба як манбаъ дар Вазорати дифои Русия иттилоъ дод, ки пас аз як ҳафта ба Сурия 276 пулиси низомии рус ва 33 техникаи низомӣ интиқол дода мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, шумори низомиёни рус дар Сурия ба далели "маъмурияти нав" афзоиш меёбад.

Ба эҳтимоли зиёд, сухан аз назорати марзи Сурия ва Туркия меравад, ки раҳбарони Русия ва Туркия ҳафтаи равон дар мулоқоти шаҳри Сочӣ ба созиш расиданд. Бар асоси созиш, минтақаеро, ки ҳоло низомиёни Туркия ишғол накардаанд, пулиси низомии Русия ва марзбонони Сурия назорат мекунанд. Гуруҳҳои курд бояд минтақаро тарк кунанд.

Вазорати дифои Русия харитаи созишеро нашр кард, ки президенти ин кишвар Владимир Путин "созанда" номида буд. Низомиёни турк ва рус марзи Сурияро бо ҳам назорат мекунанд. Рӯзи чоршанбе нахустин гуруҳи пулиси низомии Русия вориди минтақаи марзӣ, аз ҷумла шаҳри Кубонӣ шуд.

Раёсати пулиси низомии Вазорати дифои Русия 1 декабри соли 2011 таъсис ёфтааст. Дар бораи ҳузури пулиси низомии Русия дар Сурия бори нахуст соли 2016 хабар дода шуд. Дар аввал гуфта шуд, ки он иншооти Русияро дар Сурия муҳофизат мекунад.

Вале моҳи декабри соли 2017, пас аз бозпас гирифтани шаҳри Ҳалаб аз мухолифони мусаллаҳ пулиси низомии Русия вориди шаҳр шуд. Дар бораи назорати минтақаҳои дигари Сурия низ аз сӯи пулиси низомии Русия хабарҳо нашр шуданд.

Бино ба хабарҳо, пулиси низомии Русия аллакай назорати марзи Сурияро дар шаҳри Кубонӣ оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG