Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони дифои НАТО дар пасманзари амалиёти Туркия дар Сурия


Марк Эспер, вазири дифои Амрико
Марк Эспер, вазири дифои Амрико

Вазирони дифои НАТО рӯзи 24-уми октябр дар Брюссел барои гуфтугӯи дурӯза гирди ҳам меоянд ва шояд суханони вазири дифои Амрико Марк Эспер, ки ҷанги Туркияро дар шимолу шарқи Сурия "беасос" номид, ба он соя афканад.

Амалиёти низомии Туркия, як кишвари узви НАТО-ро баъзе аъзои дигари ин созмон маҳкум карда, гуфтанд, нигарониҳо ҳаст, ки оромии минтақавӣ ба ҳам зада мешавад ва комёбиҳои то ҳол бадастомада дар истодагарӣ ба зидди гурӯҳи «Давлати Исломӣ» аз даст мераванд.

“Туркия ҳамаи моро дар ҳолати хеле даҳшатнок гузоштааст,” -- гуфт Эспер дар нишасти маркази таҳқиқотии Бунёди Маршали Олмон пеш аз нишасти Брюссел. Вай афзуд, Анқара бояд ба "як ҳампаймони масъул" баргардад.

Вазири дифои Амрико гуфт, Анқара "ба самти хато меравад" ва ба Маскав наздик шуда истодааст. Раҳбарони Русия ва Туркия рӯзи 22-юми октябр ба созише розӣ шуданд, ки нирӯҳои курдро аз сарҳади Сурия бо Туркия дур нигоҳ доранд.

Онҳо оташбаси панҷрӯзаро дар минтақа, ки аз тарафи Вашингтон миёнаравӣ мешуд, дароз карданд.

Рӯзи дигар Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки таҳримҳояшро вобаста ба амалиёти Туркия ба зидди муборизони курди Сурия, ки Анқара онҳоро террорист мешуморад, бекор мекунад. Моҳи ҷорӣ пас аз қарори Трамп дар бораи баровардани нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа ҳамлаи Туркия сар шудааст.

Иёлоти Муттаҳида ва Туркия нерӯҳои гуногуни зиддидавлатиро дар ҷанги шаҳрвандии беш аз ҳаштсола дар Сурия дастгирӣ кардаанд. Русия дар якҷоягӣ бо Эрон ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад кумаки муҳим расондаанд.

XS
SM
MD
LG