Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки падарашро дар Покистон "рабуданд"


Гулолай Исмоил
Гулолай Исмоил

Гулолай Исмоил, як фаъоли маъруфи покистонии ҳуқуқи башар, ки баъди таъқиб дар ватан ба ИМА фирор кард, гуфт, ки афроди ношинос падари ӯро дар Пешавар “рабуданд”. Гулолай Исмоил дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ аз ИМА гуфт, ки падараш Муҳаммад Исмоил аз Додгоҳи олии Пешавар ба самти хонааш ҳаракат мекард, ки мардоне “бо либоси ниманизомӣ дар тан” ӯро рабуданд.

Вакили ӯ Шаҳобиддин Хаттак ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳаммад Исмоил профессор аст ва бар асоси иттиҳоми терроризм дар додгоҳ муҳокима мешавад. Рабоиши ӯ баъди берун шуданаш аз бинои додгоҳ сурат гирифт. Чанде баъд дар саҳифаи Твиттераш Гулолай Исмоил навишт, ки падарашро баъдан ба “яке аз сохторҳои додгоҳӣ” оварданд ва афзуд: “Вазъи ӯ бад аст ва саломатиаш хуб нест”. Раиси полиси минтақаи Хайбар Пахтунхва барои шарҳи ин қазия дастрас нест. Сухангӯи полиси минтақавӣ Шавкат Юсуфзай пеш аз он ки телефонашро қатъ кунад, гуфт, ки ин қазияро шарҳ намедиҳад. Алис Веллс, мушовири Котиби давлатии ИМА дар масоили Осиёи Ҷанубиву Марказӣ аз “гузоришҳо дар бораи азиятҳои идомаёбандаи хонаводаи Гулолай Исмоил ва ҳам боздошти падараш” изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG