Александр Хуурдеман, коршиноси нафту гази Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 22 октябр дар шаҳри Ишқободи Туркманистон гуфт, ин кишвар аз рӯи миқдори захираи гази табиӣ дар ҷаҳон дар мақоми чаҳорум қарор дорад ва бештари гази Туркманистон ба Чин интиқол дода мешавад.
Ба гуфтаи Хуурдеман, чанде пеш интиқоли гази табиии Туркманистон ба Русия аз сар гирифта шуд, аммо он бо арзиши камтарин фурӯхта мешавад.
Коршинос ҳамчунин гуфт, интиқоли гази Туркманистон ба Аврупо борҳо баррасӣ, вале боре ҳам амалӣ нашудааст. Вай илова кард, бо анҷоми корҳои сохтмонии Долони гази ҷанубӣ дар соли 2020 интиқоли гази Туркманистон ба Иттиҳоди Аврупо ба марҳилаи амалишавӣ наздик мегардад.
Дар конфронси солонаи "Нафту гази Туркманистон", ки рӯзҳои 22-24 октябр дар шаҳри Ишқобод барпо шуд, намояндагони ширкатҳо аз Озарбойҷон, Белорус, Бритониё, Куриё, Чин, Латвия, Малайзия, Русия, ИМА, Туркия ва ғайра ширкат карданд.
Мақомоти Туркманистон як соли охир чандин маротиба амалисозии лӯлаи Фарокаспиро баррасӣ карданд. Ин лӯла қарор аст, гази Туркманистонро ба Аврупо расонад.
Дар сурати сохтани лӯлаи Фарокаспӣ Туркманистон метавонад солона аз 10 то 30 млрд мукааб газ ба Аврупо фурӯшад.