Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обид Ҳомидов, яке аз раҳбарони риштаи фарҳанг даргузашт


Обид Ҳомидов (Акс аз сомонаи "Азия-Плюс")
Обид Ҳомидов (Акс аз сомонаи "Азия-Плюс")

Аввалин мудири телевизиони Тоҷикистон, раҳбари пешини Театри Лоҳутӣ, яке аз комёбтарин сарварони киностудияи “Тоҷикфилм”, аз бунёдгузор ва раҳбарони аввалини дастаҳои ҳунарии “Лола”, “Гулшан”, “Зебо”, Корманди шоистаи Тоҷикистон Обид Ҳомидов рӯзи 24 октябр дар 93-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Нақши ӯ на танҳо дар таъсис ва роҳандозии бисёре аз муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон, балки барномарезиҳои фарҳангӣ ва фаннии риштаи фарҳанги кишвар бузург ва мондагор аст. Ӯ дар ташкили пойгоҳҳои филмгирӣ дар чанд минтақаи Тоҷикистон ва рӯйи пардаи синамо омадани достонҳои “Шоҳнома” нақши муҳим бозидааст.

Обид Ҳомидов 9 майи соли 1926 дар Бухоро ба дунё омадааст ва дар наврасӣ ҳамроҳи аҳли хонавода ба Тоҷикистон кӯчидааст. Дар ин ҷо мактаби миёнаро хатм карда, муддате кори рӯзноманигорӣ кард ва дар соли 1945 ба ҷанги зидди Олмони фошистӣ рафта, танҳо соли 1950 аз сафи артиш рухсат ёфтааст. Дар ин ҷо дар донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил карда, ҳамзамон бо филмсозони шӯравӣ, ки ба иллати ҷанг бо студияҳо ба Тоҷикистон интиқол ёфта буданд, ҳамкорӣ намуд ва дар филми “Шоҳзода ва гадо” дар студияи “Союздетфилм” наворбардор буд. Сипас ба кори ҳизбӣ гузашта, муддате нозири шӯъбаи таблиғи КМ ҲК Тоҷикистон будааст.

Аммо аз соли 1959 ҳаёти ӯ бо телевизион, дертар синамо ва театр пайвастааст. Обид Ҳомидов нахустин ҳайати эҷодии телевизиони навтаъсиси Тоҷикистонро бунёд ва аввалин намоишҳои онро пахш кардааст. Дар солҳои 1960 сарварии киностудияи “Тоҷикфилм” ба зиммаи ӯ гузошта мешавад ва дар ин давра аввал филми “Парчами Кова” ва сипас силсилаи филмҳо бар пояи “Шоҳнома” ва ҳам филми “Ситорае дар тирашаб” дар бораи Аллома Аҳмади Дониш ба навор бардошта шуданд. Пас аз он то солҳои 1970 Обид Ҳомидов раҳбарии Театри драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро бар душ дошт.

Обид Ҳомидов дар соли 1989 аввалин ширкати филмсозии Тоҷикистонро бо номи «Синамо» таъсис дод, ки дар он чанд филм ба навор гирифта шуд. Солҳои охир бознишаста буд.

Аз Обид Ҳомидов се писар монд, Олим, Толиб ва Оқил, ки ҳамагӣ соҳаи киноро интихоб карданд. Писари хурдияш ҳунарпеша ва филмсози тоҷик Оқил Ҳомидов аз соли 1994 дар Лаҳистон ба сар бурда, бунёдгузор ва соҳибимтиёзи чандин канали телевизионӣ ва студияҳои филмсозист.

XS
SM
MD
LG