Гурҷистон як шаҳрванди Русияро, ки барои ширкати эҳтимолиаш дар куштори як муфаттиши аршади ҷиноятҳои иқтисодӣ дар ҳудуди вилояти Маскав мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, истирдод кард. Вазири адлияи Гурҷистон гуфт, ки шаҳрванди Русия Ярослав Сумбаев соати 11 рӯзи 24 октябр дар гузаргоҳи марзии Ларс ба ҷониби Русия супурда шуд.
Сумбаев моҳи ноябри соли гузашта бо гумони истифодаи санадҳои тақаллубӣ ва нигаҳдории силоҳи ғайриқонунӣ боздошт шуд. Ин иттиҳомот баъдан аз парвандаи ӯ бардошта шуд, вале бар асоси дархости Русия оид ба экстрадитсия дар заминаи куштори полковник Евгения Шишкина, муфаттиши аршади ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия ӯ дар бозошт нигаҳдорӣ мешуд.
Шишкина октябри соли гузашта замоне, ки аз хонааш дар шаҳраки Архангелское дар наздикиҳои Маскав берун мешуд, бо зарби тири туфанг кушта шуд. Шишкина дар ҳамон ҷой аз тире, ки ба гарданаш расид, даргузашт. Муфаттишони рус гуфтанд, ки Сумбаев дар як қазияи тақаллуби интернетӣ гумонбар аст. Ӯ ва 27 гумонбари дигар дар он муттаҳам мешаванд, ки тавассути муомилаҳои ғайриқонунии интернетӣ аз ширкати Роҳи оҳан ва ширкати ҳавоии S7 маблағҳои калон дуздидаанд. Бар асоси иттилои муфаттишон, Сумбаев метавонист дар куштори Шишкина, ки бо таҳқиқи ин қазия машғул буд, даст дошта бошад.