Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори Мирзиёев дар бораи иҷозаи ба хориҷа бурдани USD 10600 бидуни қайд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қароре имзо кард, ки бар асоси он шаҳрандон ба ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ҳақ доранд бо худ то 10 ҳазору 600 доллар маблағи нақд дошта бошанд. Ин тасмими президенти Узбекистон қадами дигар ба сӯи либерализатсияи бозори асъор мебошад.

Нашрияҳои давлатӣ гузориш доданд, ки қарори нав аз рӯзи 23 октябр инчунин ба шаҳрвандони Узбекистон иҷоза медиҳад, ки дар хориҷа бемаҳдудият ҳисобҳои бонкӣ боз кунанд, дар миёни бонкҳо дар дохили Узбекистон муомилаҳои нақдӣ сурат гирад ва соҳиби коғазҳои қиматноке шаванд, ки бо асъор ё тилло пуштибонӣ дидаанд.

Аз ин пеш шаҳрвандони Узбекистон ҳақ доштанд то 2 ҳазор долларро бидуни декларатсия ё гузоришдиҳӣ ва то 5 ҳазор доллар маблағи нақдиро бар асоси декларатсия берун бубаранд. Барои берун бурдани пули аз ин зиёд иҷозаи вижаи бонки марказӣ лозим буд.
Моҳи августи соли ҷорӣ Мирзиёев қароре имзо кард, ки ба муҳоҷирони узбек дар Русия иҷоза медиҳад қарзҳои бонкии худро дар Узбекистон бо рубли русӣ пардохт кунанд. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони кории узбек аз Русия ба Узбекистон беш аз 2 миллиард доллар маблағро интиқол додаанд.

XS
SM
MD
LG