Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймс Бонд аст ё Мистер Бин? Ҳабси Пол Вилан то охири сол тамдид шуд


Пол Вилан дар додгоҳ. 24 октябр

Додгоҳе дар Русия мӯҳлати боздошти Пол Вилан, собиқ сарбози нирӯҳои дарёии ИМА-ро тамдид кард, ки дар ҷосусӣ айбдор мешавад. Вилан дар додгоҳ гуфт, ки ӯро дар боздоштгоҳ зиндонбоне бо силоҳ таҳдид кардааст. Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав рӯзи 24 октябр гуфт, ки мӯҳлати ҳабси Вилан то 29 декабр тамдид мешавад. Дар ҷараёни мурофиа Вилан дархост кард, ки барояш додрас ва айбдоркунандаи дигар таъин кунанд, чунки онҳо ба таври доимӣ шикоятҳо аз поймол шудани ҳуқуқи ӯро нодида мегиранд. Дархости ӯ рад шуд. Замони ворид шудан ба додгоҳ Вилан дар даст як коғазе дошт ва гуфт, ки ӯ бегуноҳ аст ва аз раҳбарони байналмилалӣ хост, ки ба озодии ӯ фишор оваранд.

“Русия гуфт, ки ҳангоми ҷосусӣ Ҷеймс Бондро боздошт кардааст. Вале дар асл Мистер Бинро дастгир кард, ки дар вақти таътил буд”, гуфтааст ӯ.

Ӯ гуфт, “ҳуқуқи инсонии ман поймол мешавад, зиндагии ман таҳти хатар аст, кӯмаки тиббиро рад мекунанд ва дороиҳои ман рабуда шуд. Ҳеҷ далеле дар заминаи ҷосусии ман пешниҳод нашуд, чунки чунин коре аслан вуҷуд надорад”.


Вилани 49-сола дар баробари шаҳрвандии ИМА инчунин шиносномаҳои Канада, Ирландия ва Бритониёро дорад. Ӯ декабри соли 2018 дар утоқи меҳмонхонае дар Маскав боздошт ва дар дарёфти иттилои махфӣ гумонбар дониста шуд. Ӯро дар ҷосусӣ гумонбар карданд, ки то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вилан ва оилааш гуфтанд, ки ӯ ба Маскав барои ширкат дар як ҷашни арӯсӣ рафтааст.

Вилан гуфт, ки як афсари Хадамоти амнияти федеролии Русия, ки бо ӯ 10 соли охир дӯст аст, ҳангоми мулоқот дар меҳмонхона ба кисааш як флеш-корт андохтааст. Баъди ин додситонӣ гуфт, ки Вилан бо далели воқеӣ боздошт шуд. Худи Вилан гуфт, ки дар бораи ин флеш-корт хабаре надорад. Вакили дифои ӯ Владимир Жеребенков баъди мурофиаи пушти дарҳои баста ба хабарнигорон гуфт, ки то ҳол ҳеҷ як шоҳиде тасдиқ накардааст, ки гӯё Пол Вилан ба онҳо бо ҳадафи ҷосусӣ ё ҷалби онҳо барои гирифтани маълумот муошират кардааст.

XS
SM
MD
LG