Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Skhemy” аз болои Бюрои давлатии тафтишоти Украина ба додгоҳ шикоят кард


Як созмони украинӣ, ки бо таҳқиқоти журналистӣ машғул аст, расман аз болои қарори додгоҳ шикоят кард, ки ба Бюрои давлатии тафтишоти Украина иҷоза додааст, ба санаду ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва ҳам мукотибаҳои ин расона дастрасии бемаҳдудият дошта бошад. Ин созмон гуфтааст, ки иҷозати мазкур “аз ҳад беш” буда, манбаъҳои онҳоро ошкор мекунад.

“Skhemy” (“Нақшаҳо”), як тарҳи муштараки бахши Украинии Радиои Озодӣ ва “UA:Pershy television” аст. Рӯзи 23 октябр ин ду муаллифи тарҳ ба унвонии додгоҳ аризаи эътирозӣ дода гуфтанд, ба Бюрои давлатии тафтишоти Украина ҳуқуқи бемаҳдудияти “дахолати бедалел ба умури таҳририяи онҳо” дода шудааст.

Президенти Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ Ҷемӣ Флай гуфт, ки “ҳама талоши мақомот барои таҳти хатар қарор додани муошират ва сабтҳои журналистон мавриди нигаронии амиқ аст”. Флай гуфт, “мо аз фаъолияти ҳамкоронамон дар “Skhemy”, ки бар асоси меъёрҳои баландтарини журналистӣ амал мекунанд, ҳимоят мекунем ва барои дифоъ аз ҳуқуқи онҳо дар пахши гузоришҳои воқеӣ мубориза мебарем, ҳарчанд ин чиз барои онҳое, ки дар қудрат қарор доранд, нофорам мебошад”.

Ин қарор ба таҳқиқоти ҷиноии Бюрои давлатии тафтишоти Украина рабт дорад, ки мегӯяд, иттиҳоми ин ки президенти собиқ Петро Порошенко замони истироҳаташ дар Малдив аз 1 то 8 январи соли 2018 ҳамроҳ бо гурӯҳе аз афроди дигар гӯё “махсус санадҳои тақаллубӣ” истифода карда, аз сарҳадҳои байналмилалӣ ғайриқонунӣ убур кардааст, таҳқиқ мешавад. Ин мавзӯъро Skhemy дар доираи як таҳқиқоти журналистии худ матраҳ карда буд. Гурӯҳи журналистӣ 18 январи соли 2018 натиҷаҳои таҳқиқоти худро нашр ва дар ин барнома тахмин кард, ки Порошенко метавонист дар ин сафар аз санадҳои тақаллубӣ истифода кунад.

Бар асоси қарори рӯзи 17 октябри додгоҳи ноҳияи Печерски Киев, Бюрои давлатии тафтишот иҷоза гирифт, ки реҷаи кор ва самти ҳаракати кормандони ҳайати таҳририя, наворбардорон ва ронандагон, маоши онҳо ва мӯҳтавои мукотибаҳои дохилии онҳо, аз ҷумла, ҷараёни ислоҳ ва таҳрири барномаҳои таҳқиқотӣ, шеваи қабули қарор барои таҳияи барномаҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Ин қарор ба таҳқиқоти ҷиноии Бюрои давлатии тафтишоти Украина рабт дорад, ки мегӯяд, иттиҳоми ин ки президенти собиқ Петро Порошенко замони истироҳаташ дар Малдив аз 1 то 8 январи соли 2018 ҳамроҳ бо гурӯҳе аз афроди дигар гӯё “махсус санадҳои тақаллубӣ” истифода карда, аз сарҳадҳои байналмилалӣ ғайриқонунӣ убур кардааст, таҳқиқ мешавад. Ин мавзӯъро “Skhemy” дар доираи як таҳқиқоти журналистии худ матраҳ карда буд. Гурӯҳи журналистӣ 18 январи соли 2018 натиҷаҳои таҳқиқоти худро нашр ва дар ин барнома тахмин кард, ки Порошенко метавонист дар ин сафар аз санадҳои тақаллубӣ истифода кунад.

Дар нишасти хабарии 28 феврали соли 2018 Порошенко гуфт, ки аз марз бо истифода аз ному “шиносномаи худам гузаштам ва ин чиз аз ҷониби марзбонон ҳамаҷониба сабт шуд”.

Баъди он ки матни эътирози “Skhemy” нашр шуд, Бюрои давлатии тафтишот гуфт, ки тамоми маълумоте, ки “аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тақозо мекунад, мушаххасан ба барномаи “Нақшаҳо: Ҷузъиёти коррупсия” рабт мегирад.

Ин ниҳод гуфт, ки маълумот ба он хотир лозим аст, ки “Порошенко дар чаҳорчӯби таҳқиқот ҳеҷ шаҳодате пешниҳод накард” ва ба ҳамин хотир кӯмаки “Skhemy” лозим аст.

Вале гурӯҳи журналистӣ гуфт, ки Бюрои тафтишот ба онҳо шарҳ надод, ки чӣ гуна реҷаи кор, маош ва ҷараёни қабули қарор метавонад барои пешбурди таҳқиқи ҷиноӣ мусоидат кунад.

Ҷудо аз ин сардабири “Skhemy” Наталка Седлетска гуфт, ки ин гурӯҳ аллакай бо муфаттишон ҳамкорӣ карда, онҳоро бо маводи расмии тақозошуда дар заминаи иттилои сохтор ва шахсиятҳои гуногуни пурсидашуда таъмин кардааст.

Ин гурӯҳ баъдан афзуд, ки ба мақомот мукотибаҳои дохилӣ ва дигар иттилои марбут ба ҷараёни таҳияи барномаҳоро намедиҳад. Бар асоси қарори додгоҳ, Бюрои тафтишот бо қарори ҷудогонаи судӣ дар сурати аз ҷониби идораи расона рад шудани дархости тақдими маълумоти зарурӣ, метавонад дастгоҳҳои марбут расонаро тафтиш кунад. Дар бораи шурӯи тафтиши парвандаи президенти собиқ рӯзи 6 август хабар дода шуд.

XS
SM
MD
LG